Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Ӯ захми меъда дорад ва табибон тавсия додаанд, ки рӯза нагирад

Савол

Ӯ ҳашт сол боз аз захми меъда ранҷ мекашад ва то ҳол муолиҷа дорад. Табибон тавсия додаанд, ки ба хотири пешгирӣ аз авҷ гирифтани беморӣ рӯза нагирад. Оё рӯза нагирифтан барояш ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Метавонад рӯза нагирад, вале пас аз шифо ёфтан қазои онро анҷом медиҳад, агар умеди шифо ёфтан бошад. Аммо агар ин чиз баръакс бошад, яъне шифо ёфтан аз он беморӣ имконнопазир бошад, пас дар ин ҳолат, барои ҳар як рӯзи моҳи Рамазон як мискинеро таом медиҳад". Поёни сухан.

"Фатово"-и Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) (4/180).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб