"Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб саҳобаи бузург, яке аз бузургтарин саҳобаи муҳоҷир ва аз ҷумлаи донишмандону бофазилаттарини онҳо буд. Мо бояд ӯ ва саҳобагони дигарро дӯст дорем ва дуо намоем, ки Аллоҳ аз онҳо хушнуд бошад. Накӯҳиш кардани онҳо ё яке аз онҳо ҷоиз нест, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Саҳобагони маро дашном надиҳед. Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, агар яке аз шумо ба андозаи кӯҳи Уҳуд тилло садақа кунад, ба андозаи як кафи дасти онҳо ва ҳатто ба нисфи он баробар намешавад».
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Оли Шайх ... Шайх Солеҳ Фавзон Ал-Фавзон ... Шайх Бакр ибни Абдуллоҳ Абузайд.
"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-ъилмийяти ва-л-ифто" (26/44).