сохранить
  • New List
Бештар
    сохранить
    • New List
1,07826/Раҷаб/1446 , 26/Январ/2025

Тавба аз қимор

Савол: 10510

Ман бисёр қимор бозӣ кардаам. Чӣ тавр аз он тавба кунам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шумо бояд фавран аз қимор даст кашед ва аз рафиқон, маконҳо ва асбобу таҷҳизоти он дурӣ ҷӯед. Шумо бояд аз он коре, ки кардаед, пушаймон шавед, азм намоед, ки дигар ин корро намекунед ва садақа бидиҳед, зеро Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Ҳар кас савганд ёд бикунад ва дар савганди худ бигӯяд, ки қасам ба номи Лоту Уззо, пас бояд "ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд. Ҳар кас ба дӯсташ бигӯяд, ки биё, қимор бозӣ кунем, пас бояд садақа бидиҳад».

Нававӣ гуфтааст:

Донишмандон гуфтаанд: Ба садақа амр шудааст, то гуноҳе, ки бо забони ӯ дар ин маъсият рух додааст, каффорат шавад. Хаттобӣ гуфтааст: Маънояш ин аст, ки ба андозаи он моле, ки бо он қимор кардан мехост, садақа бидиҳад.

Нававӣ гуфтааст:

Дурусттарин дидгоҳе, ки пажӯҳишгарон бар он назаранд, - ин зоҳири ҳадис аст - ки он миқдори муайянеро надорад, балки ҳар қадаре, ки барояш муяссар шавад, садақа бидиҳад, ки садақа ҳисобида шавад. Ривояти зерин ин дидгоҳро таъйид мекунад: «Бигзор чизеро садақа бидиҳад».

Сарчашма

Сарчашма

"Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия" Ҷ/39, саҳ 407

Гарди танзимоти матн

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android