Агар ба китобҳои вожаномаву фарҳанги забони арабӣ муроҷиат кунед, мебинед, ки маънои калимаи Ислом чунин аст: Гардан ниҳодан, итоат кардан, фармонбардорӣ намудан, таслим шудан, фармонҳоро қабул намудан ва аз мамнӯъот дурӣ ҷустан бидуни эътироз, холисона ибодат кардани Аллоҳ таъоло, бовар кардан ба он чи ки Ӯ гуфтааст ва имон овардан ба он.
Калимаи Ислом номи дине шудааст, ки паёмбар Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) овардааст.
Чаро ин дин Ислом номида шудааст?
Ҳамаи динҳои гуногуни рӯи замин ё ба номи шахси муайян ва ё ба номи қавми муайян номгузорӣ шудаанд. Масалан, насронӣ номи худро аз Насоро гирифтааст. Буддоия ба номи асосгузораш Буддо номгузорӣ шудааст. Дини зардуштӣ ба ҳамин ном маъруф шудааст, зеро асосгузору пешвои он Зардушт буд. Ҳамин тавр, дини яҳудӣ дар байни қабилае бо номи Яҳудо пайдо шуд, бинобар ин яҳудӣ номида шудааст ва ҳоказо.
Ба ҷуз Ислом, ки он ба ягон шахси муайян ва ё ба ягон қавму миллат мансуб нест. Балки номи он ба сифати махсусе далолат мекунад, ки маънои калимаи Ислом онро дарбар мегирад. Аз маънои ин ном маълум мешавад, ки бунёд ва таъсиси ин дин кори ягон инсоне нест ва ин дин танҳо барои як қавму миллати хосе нест, ба ҷуз қавму миллатҳои дигар. Балки ҳадафи он ин аст, ки тамоми мардумони рӯи замин худро бо сифати зебои Ислом зебу зинат бидиҳанд. Ҳар касе, ки ин сифатро соҳиб шавад, хоҳ аз гузаштагон бошад, хоҳ аз ҳозирагон, ӯ мусалмон аст. Ва ҳар касе, ки ин сифатро дар оянда соҳиб гардад, низ мусалмон хоҳад буд.