Дар хондани ин дуо ҳеҷ ишколеро намебинам. Агар бо дуоҳои дигар низ дуо кунад, масалан бигӯяд: "Эй Аллоҳ, ба ман фарзанди покизае ато фармо. Эй Аллоҳ, ба ман фарзанди некӯе ато намо". Ва монанди чунин дуоҳо, ҳамаи он дуоҳо хуб аст.
Метавонад ояти зеринро низ бихонад:
رَبِّ هَبْ لِي مِن لَّدُنكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً ۖ إِنَّكَ سَمِيعُ الدُّعَاءِ
سورة آل عمران: ٣٨
«Эй Парвардигори ман, аз ҷониби худ фарзанди покизае ба ман ато фармо, бегумон, Ту шунавандаи дуоӣ». (Сураи Оли Имрон: 38).
Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки ба табибони мутахассис муроҷиат кунад, зеро мумкин аст, ки ӯ безуриёт набошад, балки беморие бошад, ки онро табобат кардан мумкин аст. Инчунин ба ӯ тавсия дода мешавад, ки бо зане, ки қаблан таваллуд кардааст, издивоҷ намояд, зеро мумкин аст мушкил дар ҳамсараш бошад, на дар ӯ. Шояд Аллоҳ таъоло бо ин сабаб фарзанди покизае ба ӯ ато фармояд.
Дар ҳадиси саҳеҳе омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Бо зани меҳрубони фарзандзо издивоҷ бикунед, зеро ман дар рӯзи қиёмат бо шумораи зиёди шумо бар дигар умматҳо ифтихор хоҳам кард».
Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.