Панҷшанбе 18 Рамазон 1445 - 28 Март 2024
Тоҷикӣ

Чӣ гуна ба қудуми моҳи Рамазон омодагӣ бигирем?

Савол

Чӣ гуна ба қудуми моҳи Рамазон омодагӣ бигирем? Кадом амалҳо афзалтарин амал дар моҳи Рамазон ба ҳисоб мераванд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Бародари азизам! Воқеан саволи басо хубе пешниҳод кардӣ. Тарзи омодагӣ ба моҳи Рамазонро пурсидӣ, дар ҳоле, ки фаҳмиши бисёре аз мардум нисбати ҳақиқати рӯза мунҳариф шудааст, ки онро мавсими хӯрокҳо, нӯшикиҳо, шириниҳо ва мавсими шабнишинӣ ва тамошои барномаҳои моҳворавӣ қарор додаанд. Аз тарси тамом шудани баъзе аз хӯрокҳо ва ё гарон шудани нархи он, пеш аз омадани Рамазон барои он омодагӣ дидаанд. Бо хариди хӯрокҳо ва омодасозии нӯшикиҳо ва ҷустуҷӯи шабакаҳои моҳвора барои донистани ин ки кадом барномаҳоеро дар Рамазон тамошо кунанд ва кадомашро тарк намоянд, барои Рамазон омода шудаанд. Онҳо аз ҳақиқати рӯзаи моҳи Рамазон ғофил монда ва ибодату тақворо аз он ҳазф кардаанд. Онҳо Рамазонро танҳо барои шикам ва чашмонашон қарор доданд. (Яъне ин моҳро махсуси хӯрдану тамошо кардан қарор додаанд).

Дуввум:

Аммо гурӯҳи дигар нисбати ҳақиқати моҳи Рамазон огоҳӣ пайдо карда, аз моҳи шаъбон барои Рамазон омодагӣ мебинанд, балки баъзеи онҳо, пеш аз моҳи шаъбон омода мешаванд.

Беҳтарин роҳҳои омодагӣ барои моҳи Рамазон инҳоанд:

1. Тавбаи содиқона.                

Тавба ҳамеша амри воҷиб аст, вале дар моҳи бузургу муборак тавбаи хешро изҳор намудан ва бошитоб ба сӯи Аллоҳ бозгаштан афзалтар аст. Аз гуноҳоне, ки миёни банда ва Парвардигор қарор доранд ва аз гуноҳоне, ки миёни банда ва инсонҳо қарор доранд, тавба кунад, то ин ки бо фарорасии ин моҳи муборак, бо қалби солиму ором, ба тоату ибодат машғул шавад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعاً أَيُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

  النور/ من الآية 31 

 "Ба сӯи Аллоҳ ҳамагон тавба кунед, эй мӯъминон, шояд наҷот ёбед".   (Сураи Нур: 31).

Аз Ағар ибни Ясор (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Эй мардум, ба сӯи Аллоҳ тавба кунед, зеро ман дар як рӯз сад маротиба тавба мекунам".   Ривояти Муслим (2702).

2. Дуо.

Воқеан аз баъзе гузаштагон ривоят омадааст, ки онҳо шаш моҳ пеш аз расидани моҳи Рамазон дуо мекарданд, ки Аллоҳ таъоло онҳоро ба Рамазон расонад. Сипас, панҷ моҳ баъди гузаштани моҳи Рамазон дуо мекарданд, ки аз онҳо пазируфта шавад.

Пас, бояд мусулмон аз Парвардигораш бипурсад, ки ӯро ба моҳи Рамазон дар ҳоли диндор будану солим будан бирасонад ва дуо кунад, ки ӯро дар тоати худ кӯмак намояд ва амалашро аз ӯ бипазирад.

3. Шодмонӣ кардан ба наздикшавии ин моҳи бузург.

Фаро расидани моҳи Рамазон аз неъматҳои бузурги Аллоҳ бар бандаи мусулмон аст. Зеро Рамазон мавсими хайрест, ки дар он дарҳои биҳишт боз ва дарҳои дӯзах баста мешаванд. Рамазон моҳи Қуръон ва моҳи набардҳои сарнавиштсоз дар таърихи ислом аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 قُلْ بِفَضْلِ اللَّهِ وَبِرَحْمَتِهِ فَبِذَلِكَ فَلْيَفْرَحُوا هُوَ خَيْرٌ مِمَّا يَجْمَعُونَ

 يونس/58 

"Бигӯ: Ба фазли Аллоҳ ва раҳмати Ӯ шодмон бишаванд. Ин беҳтар аст, аз он чи ки ҷамъ мекунанд".   (Сураи Юнус: 58).

4. Аз зиммаи худ рӯзаи воҷибшударо соқит кардан.

Аз Абусалама ривоят аст, ки гуфт: Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) шунидам, ки мегуфт: "Гоҳо рӯзаи Рамазон бар зиммаам буд ва наметавонистам қазои онро адо намоям, магар дар моҳи шаъбон".   Ривояти Бухорӣ (1849) ва Муслим (1146).

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Аз саъю кӯшиши Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) бар адо намудани рӯзаи қазоӣ дар шаъбон, фаҳмида мешавад, таъхир намудани рӯзаи қазоӣ то ворид шудани Рамазони баъдӣ ҷоиз нест.   "Фатҳу-л-борӣ" (4/191).

5. Касб намудани илм, то ба аҳкоми рӯза иттилоъ пайдо кунад ва фазилати Рамазонро бидонад.

6. Шитоб ба ҷамъбаст намудани корҳое, ки мумкин аст мусулмонро дар моҳи Рамазон аз ибодат машғул созад.

7. Нишастан ҳамроҳи аҳли хонавода, зану фарзандон ва онҳоро аз аҳкоми рӯза хабардор кардан ва хурдсолонро ба рӯзадорӣ тағрибу ташвиқ намудан.

8. Омода намудани баъзе китобҳое, ки дар хона онро мутолиа кунанд, ё ҳадя кардани он ба имоми масҷид, то онро дар Рамазон ба мардум бихонад.

9. Рӯза гирифтан дар моҳи шаъбон ба хотири омодагӣ ба рӯзаи моҳи Рамазон.

Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) он қадар рӯза мегирифт, ҳатто ин ки мегуфтем дигар ифтор намекунад ва он қадар ифтор мекард, ҳатто ин ки мегуфтем дигар рӯза намегирад. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро надидам, ки ба ҷуз Рамазон моҳи дигарро пурра рӯза гирифта бошад. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро надидам, ки дар моҳи дигаре аз шаъбон зиёдтар рӯза гирифта бошад.   Ривояти Бухорӣ (1868) ва Муслим (1156).

Аз Усома ибни Зайд ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам, эй расулуллоҳ, надидаам, ки ягон моҳе ба монанди шаъбон рӯза гирифта бошӣ? Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ин моҳест, ки бисёре аз мардум аз он ғофиланд. Ин моҳ дар мобайни раҷаб ва Рамазон қарор дорад. Дар ин моҳ амалҳо ба сӯи Парвардигори ҷаҳониён бароварда мешавад. Аз ин хотир, дӯст медорам, ки амалам, дар ҳоли рӯзадориам бароварда шавад".   Ривояти Насоӣ (2357). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳуҳу-н-Насоӣ" ҳасан номидааст.

Дар ин ҳадис ҳикмати рӯзаи шаъбон баён шудааст, ки дар он амалҳо ба сӯи Парвардигор бароварда мешавад. Баъзе донишмандон ҳикмати дигари онро зикр намуданд ва он ин аст, ки он рӯза ба манзалаи суннати қаблии намози фарз аст, ки он нафсро барои адо намудани фарз омода ва фаол месозад. Ҳаминро метавон нисбати рӯзаи шаъбон, ки пеш аз Рамазон аст, баён дошт.

10. Қироати Қуръон.

Салама ибни Куҳайл гуфтааст: Моҳи шаъбонро моҳи қориён меномиданд.

Амр ибни Қайс бо баробари даромадани моҳи шаъбон дари дӯконашро мебаст ва худро барои қироати Қуръон фориғ мекард.

Абубакри Балхӣ гуфтааст: Моҳи раҷаб моҳи кишт аст, моҳи шаъбон моҳи об додани кишт ва моҳи Рамазон моҳи ҳосил гирифтан аст.

Инчунин гуфтааст: Мисоли моҳи раҷаб ба монанди бод аст, мисоли моҳи шаъбон монанди абр аст ва мисоли моҳи Рамазон ҳамчун борон аст. Касе, ки дар раҷаб кишт накунад ва дар шаъбон об надиҳад, чӣ гуна мехоҳад дар Рамазон ҳосил гирад? Акнун, ки моҳи раҷаб гузаштааст, агар хоҳони Рамазон ҳастӣ, дар шаъбон чӣ карданӣ ҳастӣ?

Ин аст ҳоли паёмбарат ва ҳоли гузаштагони уммат дар ин моҳи муборак. Мавқеи ту аз ин амалҳо ва дараҷаҳо чист?

Саввум:

Барои донистани амалҳое, ки барои мусулмон анҷом додани он дар моҳи Рамазон сазовор аст, ба ҷавоби саволи рақами (26869) ва (12468) нигаред.

     Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб

Мавзӯҳои алоқаманд