Шанбе 11 Шаввол 1445 - 20 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Оё бояд ба ҳаҷ биравад ё таҳсилашро ба итмом расонад?

Савол

 

Чанд рӯз пеш сураи Оли Имронро хондам, ки дар он сура Аллоҳ таъоло ҳаҷро бар мардонро фарз кардааст. Ин семестри охирини таҳсили ман дар Амрико аст ва ман тақрибан 2000 доллари амрикоӣ пул дорам. Вале метарсам, ки агар ин маблағро барои ҳаҷ сарф кунам, модарам хашмгин мешавад, зеро ӯ ба Ислом пойбанд будани маро дӯст намедорад. Аз тарафи дигар, намедонам, ки дар оянда фурсати дигаре барои ба ҳаҷ рафтанро дорам ё на. Пули таҳсиламро ҳукумат пардохт мекунад. Сипас ман бояд баргардам, то 5 сол дар ҳукумат кор кунам. Ман намедонам, ки боз барои ҳаҷ пули кофӣ пайдо мекунам ё не. Аз тарафи дигар, агар каме пул ҷамъ карда тавонам, мошин мехарам, то модарам сарватманд шавад. Ӯ маро аз 3-солагӣ, вақте ки падарам вафот кард ва хешу табори хубе надоштем, ба воя расонд.

Матни ҷавоб

 

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳаҷ яке аз фаризаҳои Ислом ва яке аз рукнҳову сутунҳои он аст. Барои шахси қодиру тавоно ба таъхир андохтани он ва тардид намудан дар иҷрои он ҷоиз нест. Дар маъсияту нофармонии Аллоҳ таъоло ҳеҷ касеро итоат намудан ҷоиз нест.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَلِلهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَن اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ الله غَنِيٌّ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ

سورة آل عمران: ٩٧

 

«Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд ва ҳар кас куфр варзад, бешак Аллоҳ аз ҷаҳониён бениёз аст».   (Сураи Оли Имрон: 97).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ислом бар панҷ чиз бино шудааст: Шаҳодат додан бар ин ки ҳеҷ маъбуде (бар ҳақ) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва ин ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва рӯзаи Рамазон ва ҳаҷҷи хона (Каъба)».

Барои шумо ҷоиз нест, ки модаратонро дар маъсияту нофармонии Аллоҳ таъоло хушнуд намоед. Шумо бояд ба ӯ некиву хубӣ кунед, вале на дар маъсияту нофармонӣ. Ҳар кас мардумро бо хашми Аллоҳ хушнуд созад, Аллоҳ бар ӯ хашм мекунад ва мардумро бар ӯ хашмгин месозад.

Сарчашма: Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр