Шанбе 18 Шаввол 1445 - 27 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Оё Ислом бо шамшер паҳн шудааст?

Савол

Баъзе душманони дин иддао мекунанд, ки Ислом бо шамшер паҳн шудааст. Шумо ба ин чӣ посух медиҳед?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ислом нисбати касоне, ки ба даъват гӯш андохтанду онро пазируфтанд, бо ҳуҷҷату баён паҳн шуд. Аммо нисбати касоне, ки саркашиву такаббурӣ карданд, бо қуввату шамшер паҳн шуд, то ин ки (дар ниҳоят) мағлуб шуданд, саркашиашон аз байн рафт ва ба ин воқеият таслим шуданд.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Фатово-л-лаҷнати-д-доима: 12/14