Панҷшанбе 16 Шаввол 1445 - 25 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Эътикофи марду зан дуруст нест, магар дар масҷид

Савол

Оё барои зан ҷоиз аст, ки дар хонаи худ ба эътикоф нишинад ?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Донишмандон иттифоқ намудаанд, ки эътикофи мард танҳо дар масҷид дуруст аст, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَلا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ     البقرة/187 .

«Ва дар ҳоле, ки дар масҷидҳо ба эътикоф нишаста бошед, бо ҳамсаронатон ҳамбистар нашавед».   (Сураи Бақара: 187).

Аз ин оят фаҳмида мешавад, ки эътикоф танҳо дар масҷидҳо анҷом дода мешавад.

Ниг: Ал-Муғнӣ (4/461).

Аммо дар мавриди зан, аксарияти донишмандон бар ин назаранд, ки ӯ мисли мард аст, мувофиқи ояти зикршуда эътикофи ӯ дуруст нест, магар дар масҷид. Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَلا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ      البقرة/187 .

«Ва дар ҳоле, ки дар масҷидҳо ба эътикоф нишаста бошед, бо ҳамсаронатон ҳамбистар нашавед».   (Сураи Бақара: 187).

Ҳамсарони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз ӯ барои эътикоф нишастан дар масҷид иҷозат пурсиданд. Паёмбар ба онон иҷозат дод. Онҳо пас аз вафоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид ба эътикоф менишастанд.

Агар эътикофи зан дар хонааш ҷоиз мебуд, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамсаронашро ба он роҳнамоӣ мекард, зеро боқӣ мондани зан дар хона аз баромаданаш ба масҷид беҳтар аст.

Баъзе аз донишмандон бар ин назаранд, ки эътикофи зан дар масҷиди хонааш, он ҷое ки дар хонаи худ онро махсуси намоз қарор додааст, дуруст аст.

Аммо аксарияти донишмандон онро манъ кардаанд (яъне бар ин назаранд, ки ин кор ҷоиз нест) ва гуфтаанд: Масҷиди хона масҷид номида намешавад, магар ба таври маҷоз ва ин дар воқеъ масҷид нест, бинобар ин аҳкоми масҷидро намегирад, аз ин рӯ барои ҷунуб ва зани ҳайздида ҷоиз мебошад, ки ба он ҷо ворид шаванд.

Ниг: "Ал-Муғнӣ" (4/464).

Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (6/505) гуфтааст:

"Эътикофи марду зан дуруст нест, магар дар масҷид. Дар масҷиди хонаи зан ва дар масҷиди хонаи мард, ки як ҷои алоҳидаи омодашуда барои намоз аст, дуруст намебошад". Поёни сухан.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) дар "Маҷмӯу-л-фатово" (20/264) пурсида шуд:

Агар зан бихоҳад, ки ба эътикоф нишнад, пас дар куҷо ба эътикоф менишинад?

Дар ҷавоб фармуд:

Агар зан бихоҳад, ки ба эътикоф нишнад, пас бояд дар масҷид ба эътикоф бинишинад, албатта агар дар он ягон маҳзури шаръӣ вуҷуд надошта бошад ва агар дар он ягон маҳзури шаръӣ вуҷуд дошта бошад, пас ба эътикоф нашинад. Поёни сухан.

Дар "Ал-Мавсуату-л-фиқҳия" (5/212) омадааст:

"Донишмандон дар мавриди макони эътикофи зан ихтилоф кардаанд. Аксарияти донишмандон бар ин назаранд, ки ӯ мисли мард аст, эътикофи ӯ дуруст нест, магар дар масҷид. Бар асоси ин, эътикофи зан дар масҷиди хонаи худ дуруст намебошад, зеро аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ оиди зане, ки назр кардааст, ки дар масҷиди хонаи худ ба эътикоф нишинад. Дар ҷавоб гуфт: Ин бидъат аст ва нафратовартарин амалҳо дар назди Аллоҳ бидъатҳост. Аз ин рӯ, эътикоф дуруст нест, магар дар масҷиде, ки дар он намоз баргузор мешавад. Масҷиди хона ҳақиқатан ва инчунин ҳукман масҷид ҳисобида намешавад. Аз ин рӯ, тағйир додани он ҷоиз аст ва барои ҷунуб дар он ҷо хобидан раво аст. Илова бар ин, агар (эътикоф нишастан дар хона барои занон) ҷоиз мебуд, модарони мӯъминон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) ҳадди аққал як бор ин корро анҷом медоданд, то ҷоиз будани онро (ба мардум) нишон диҳанд". Поёни сухан.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб