Сешанбе 18 Муҳаррам 1444 - 16 Август 2022
Тоҷикӣ

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чанд Рамазонро рӯза гирифт?

49679

Таърихи нашр : 18-03-2022

Мушоҳидаҳо : 744

Савол

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чанд Рамазонро рӯза гирифт?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Донишандон иҷмоъ намудаанд, ки рӯзаи моҳи Рамазон дар моҳи Шаъбони соли дуввуми ҳиҷрӣ фарз карда шуд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нӯҳ Рамазонро рӯза гирифтааст, зеро ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар моҳи Рабиъу-л-аввали соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ вафот кардааст.

Дар китоби "Ал-Инсоф" омадааст:

Бо иҷмоъи донишмандон рӯзаи Рамазон дар соли дуввум фарз шуд. Бо иҷмоъи донишмандон паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нӯҳ Рамазонро рӯза гирифтааст. Поёни сухан.

Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмуъ" гуфтааст:

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Рамазонро нӯҳ сол рӯза гирифт, зеро он дар моҳи Шаъбони соли дуввуми ҳиҷрӣ фарз карда шуда буд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар моҳи Рабиъу-л-аввали соли ёздаҳами ҳиҷрӣ вафот кард. Поёни сухан.

Ҳамчунин ба китоби "Маҷмуъу-л-фатово"-и Шайху-л-ислом Ибни Таймия (2/20) нигаред.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб