Панҷшанбе 3 Рабиъу-л-аввал 1444 - 29 Сентябр 2022
Тоҷикӣ

Шарик шудан дар қурбонӣ

Савол

Оё шарик шудан дар қурбонӣ ҷоиз аст? Ва чанд нафар аз мусулмонон метавонанд дар як қурбонӣ шарик шаванд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шарик шудан дар қурбонӣ, агар ҳайвон шуштур ё гов бошад, ҷоиз аст, аммо гӯсфанд бошад, шарик шудан дар қурбонии он ҷоиз нест.

Ҷоиз аст, ки ҳафт нафар дар қурбонии як гов ё шутур шарик шаванд.

Шарик шудани саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) дар ҳадй собит шудааст, ки ҳафт нафар як шутур ё як говро дар ҳаҷҷу умра қурбонӣ мекарданд.

Муслим (1318) аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд: "Ҳамроҳи расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар соли Ҳудайбия як шутурро аз номи ҳафт нафар ва як говро аз номи ҳафт нафар забҳ намудем".

Дар ривояти дигаре аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ омадааст, ки мегӯяд: "Ҳамроҳи расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳаҷ кардем ва як шутурро аз номи ҳафт нафар ва як говро аз номи ҳафт нафар забҳ намудем".

Абудовуд (2808) аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Як гов аз номи ҳафт нафар ва як шутур аз номи ҳафт нафар аст».   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳеҳу Абидовуд" саҳеҳ донистааст.

Нававӣ дар китоби "Шарҳи Муслим" гуфтааст:

"Ин ҳадисҳо бар ҷоиз будани иштирок намудани чанд нафар дар як қурбонӣ далолат мекунанд. Донишмандон иттифоқ кардаанд, ки иштирок дар қурбонии гӯсфанд ҷоиз нест. Ҳамчунин ин ҳадисҳо далолат мекунанд, ки як шутур аз номи ҳафт нафар кофист ва як гов ҳам аз номи ҳафт нафар кофист ва ҳар яке аз инҳо (яъне як гов ва ё як шутур) ҷои ҳафт гусфандро мегирад, ҳатто агар бар ҳаҷкунанда ҳафт қурбонӣ (каффорат барои хатогӣ дар ҳаҷ), ғайр аз каффораи шикор воҷиб шуда бошад, дар ин ҳолат, агар ӯ як шутур ва ё як говеро ба ҷои он забҳ намояд, ба ҷои ҳамаи онҳо кофист". Поёни сухан бо ихтисор.

Аз Кумитаи доимӣ оиди шарик шудан дар қурбонӣ пурсиданд. Чунин посух доданд:

"Шутур ва гов (ҳар яке) барои ҳафт нафар кифоягӣ мекунад, хоҳ он ҳафт нафар дар як хона зиндагонӣ бикунанд ва ё дар хонаҳои гуногун, хоҳ байни онҳо алоқаи хешовандӣ бошад ва ё алоқаи хешовандӣ набошад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба саҳобагон бе тафсилоти зиёде иҷозат дод, ки дар қурбонии гов ё шутур ҳафт нафарӣ иштирок намоянд". Поёни сухан.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (11/401).

Шайх Ибни Усаймин дар "Аҳкому-л-узҳия" гуфтааст:

"Як гусфанд аз номи як нафар кофист ва ҳафяки шутур ё гов баробари як гӯсфанд мебошад". Поёни сухан.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб