Шанбе 11 Шаввол 1445 - 20 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Фавран воҷиб шудани ҳаҷ

Савол

Оё ба шахси тавоно бар ҳаҷ, ҷоиз аст ки ҳаҷро ба чанд соли оянда ба таъхир бияндозад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Касе, ки қудрати ҳаҷ карданро дошта бошад ва шартҳои воҷибшавии он дар ӯ комил шуда бошанд, ҳаҷ бар ӯ фавран воҷиб гардида, таъхири он ҷоиз нест.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Муғнӣ" гуфтааст:

Касе, ки барояш ҳаҷ воҷиб гардад ва имконияти иҷрои онро дошта бошад, ҳаҷ бар ӯ фавран воҷиб шуда, ба таъхир андохтани он ҷоиз нест. Ин қавлро Абуҳанифа ва Молик бар асоси ояти зерин гуфтаанд, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَللهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلاً وَمَنْ كَفَرَ فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ

   آل عمران/٩٧

Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд ва ҳар ки куфр варзад, бе шак, Аллоҳ аз ҷаҳониён бениёз аст.   (Сураи Оли Имрон: 97).

(Инҷо бо сиғаи “амр” омадааст). Амр бояд фавран иҷро карда шавад.

Инчунин аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки фармудааст:

"Касе, ки ҳаҷ карданӣ бошад, бояд шитоб кунад".   Ривояти Имом Аҳмад, Абудовуд ва Ибни Моҷа.

Дар ривояти Аҳмад ва Ибни Моҷа (сабаби шитоб кардан баён шуда) чунин омадааст: "Зеро шояд бемор аз нав бемор шавад, ё чизе гум шавад ва ё ҳоҷате пайдо шавад".   Албонӣ ин ҳадисро дар “Саҳиҳи Ибни Моҷа” ҳасан хондааст.

То инҷо суханони Ибни Қудома бо каме тағйирот ба итмом расид.

Маънои ибораи “Амр бояд фавран иҷро карда шавад” чунин аст: Бар шахси мукаллаф анҷоми додани амр замоне, ки қудрати иҷрои онро пайдо кунад, воҷиб аст ва барояш ба таъхир андохтани он бе узр ҷоиз нест.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)-ро пурсиданд: Оё бар шахс воҷиб аст, ки ҳаҷро фавран анҷом бидиҳад, ё ин ки метавонад онро ба таъхир бияндозад?

Дар ҷавоб гуфт:

"Дидгоҳи саҳеҳ ин аст, ки ҳаҷ фавран воҷиб аст ва ба  инсоне, ки тавоноии ҳаҷҷи хонаи Аллоҳро дорад, барояш ҷоиз нест, ки онро ба таъхир бияндозад. Инчунин ҳамаи воҷибҳои шариат модоме ки ба ягон вақт ё сабабе алоқаманд нашуда бошанд, фавран воҷиб мебошанд". Поёни сухан.

"Фатово Ибни Усаймин" (13/21).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб