Сешанбе 14 Шаввол 1445 - 23 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Кор кардан дар ширкати суғурта

40336

Таърихи нашр : 27-11-2022

Мушоҳидаҳо : 1305

Савол

Суғуртаи ҳаёт ҳалол аст ё ҳаром? Ҳукми кормандони ширкатҳои суғуртаи ҳаёт чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Суғуртаи ҳаёт яке аз навъҳои суғуртаи тиҷоратӣ аст, ки ҳаром мебошад, зеро дар он ҷаҳолат, рибо, қимор ва хӯрдани молҳои мардум бо роҳи ботил вуҷуд дорад.

Кор кардан дар ширкатҳои суғуртаи тиҷоратӣ ҷоиз нест, зеро ин аз боби ҳамкорӣ дар гуноҳу таҷовуз аст. Аллоҳ таъоло дар ояти зерин аз ин амал наҳй намуда, фармудааст:

وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَٱتَّقُواْ ٱللهَ إِنَّ ٱللهَ شَدِيدُ ٱلعِقَابِ

سورة المائدة: ٢

«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина Аллоҳ сахткайфар аст».   (Сураи Моида: 2).

Дуввум:

Истифода бурдани музду сармояе, ки шумо аз кори ин ширкат пеш аз донистани ҳукми ҳаром будани он ҷамъоварӣ намудед, ҳеҷ боке надорад, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

فَمَنْ جَاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهَى فَلَهُ مَا سَلَفَ وَأَمْرُهُ إِلَى اللهِ

سورة البقرة: ٢٧٥

«Ҳар кас, ки панде аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ бозистод, пас он чӣ дар гузашта ба даст овардааст, аз они ӯ мебошад ва кори ӯ ба Аллоҳ вогузор мешавад».   (Сураи Бақара: 275).

Аммо он молу сармояе, ки шумо аз ин ширкат баъд аз донистани ҳукми ҳаром будани он гирифтед, пас бояд аз он халос шавед, зеро он моли ҳаром аст, метавонед онро дар корҳои хайру нек харҷ кунед.

Лутфан ба саволи рақами (33852 )  руҷӯъ кунед.

Ниг: "Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто" 15/8.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб