Ҷумъа 20 Зулҳиҷҷа 1442 - 30 Июл 2021
Тоҷикӣ

Одоби ид

Савол

Суннатҳову одобҳое, ки дар рӯзи ид иҷро карда мешаванд, кадомҳоянд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз ҷумлаи суннатҳое, ки мусулмон дар рӯзи ид анҷом медиҳад, инҳоянд:

1- Ғусл пеш аз хориҷ шудан ба намоз:

Дар китоби "Ал-Муваттаъ" ва дигар китобҳо ривояти саҳеҳе омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Умар дар рӯзи иди Фитр пеш аз рафтан ба намозгоҳ ғусл мекард.   Ал-Муваттаъ: 428.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) иттифоқи донишмандонро оиди мустаҳаб будани ғусл барои намози ид зикр кардааст.

Маъное, ки ба сабаби он ғусли ҷумъа ва дигар нишасту ҷамъомадҳои умумӣ мустаҳаб шудааст, дар ид низ вуҷуд дорад, балки шояд дар ид барҷастатар аст.

2- Хӯрдан пеш аз баромадан ба намози иди Фитр ва пас аз намози иди Азҳо:

Яке аз одобҳо ин аст, ки ба намози иди Фитр хориҷ нашавад, то он даме ки чанд дона хурмо нахӯрад. (Яъне пеш аз рафтан ба намози ид якчанд дона хурмо бихӯрад). Зеро Бухорӣ аз Анас ибни Молик ривоят кардааст, ки ӯ мегӯяд: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи иди Фитр то чанд адад хурмо нахӯрад, аз хона берун намешуд .. Адади он тоқ буд».   Ривояти Бухорӣ: 953.

Хӯрдан пеш аз баромадан (ба намози иди Фитр) ба хотири муболиға дар манъ будани рӯза дар он рӯз ва инчунин ба хотири огоҳӣ ба хӯрдан дар он рӯз ва ба охир расидани рӯза мебошад.

Ибни Ҳаҷар (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) сабаби инро баён кардааст, ки он пешгирӣ аз сабабҳои рӯзаи зиёд ва шитобидан ба анҷом додани фармони Аллоҳ мебошад.   Китоби "Фатҳу-л-борӣ" (2/446).

Касе хурмо наёбад, ҳар чизи дигареро ки хӯрданаш раво аст, тановул бикунад.

Аммо дар иди Азҳо мустаҳаб аст, ки нахӯрад, то он даме ки аз намози иди Азҳо барнагардад. (Яъне пеш аз намози иди Азҳо чизе намехӯрад). Сипас аз қурбонии худ мехӯрад, агар қурбонӣ дошта бошад. Агар қурбонӣ надошта бошад, ҳеҷ боке надорад, ки пеш аз намоз чизе бихӯрад.

3- Такбир дар рӯзи ид:

Ин яке аз суннатҳои бузурги рӯзи ид мебошад, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ    البقرة / 185

«То шумораи (рӯзҳои Рамазон)-ро комил кунед ва Аллоҳро барои он ки шуморо ҳидоят кардааст, ба бузургӣ ёд кунед, бошад, ки шукргузорӣ кунед».   (Сураи Бақара: 185).

Аз Валид ибни Муслим ривоят шудааст, ки гуфт: Аз Авзоӣ ва Молик ибни Анас оиди ошкоро гуфтани такбир дар идайн пурсидам. Дар ҷавоб гуфтанд: Бале, Абдуллоҳ ибни Умар онро дар рӯзи иди Фитр то омадани имом ошкоро мегуфт.

Аз Абуабдураҳмони Суламӣ ривояти саҳеҳе омадааст, ки мегӯяд: "Онон дар рӯзи иди Фитр бештар аз рӯзи иди Азҳо мехонданд". Вакеъ гуфтааст: Яъне такбирро. Ниг: Ирвоу-л-ғалил (3/122).

Дорқутнӣ ва дигарон ривоят кардаанд, ки Ибни Умар дар рӯзи иди Фитру Азҳо ҳар гоҳ (аз хона) барояд, то ин ки ба намозгоҳ бирасад, дар гуфтани такбир кӯшиши зиёд мекард. Сипас то омадани имом такбир мегуфт.

Ибни Абушайба ба санади саҳеҳ аз Зуҳрӣ ривоят кардааст, ки ӯ мегӯяд: Мардум дар рӯзи ид ҳангоме ки аз хонаҳояшон мебаромаданд, то ин ки ба намозгоҳ бирасанд, такбир мегуфтанд ва инчунин то омадани имом такбир мегуфтанд. Ҳар гоҳ имом биёяд, хомӯш мешуданд ва ҳар гоҳ имом такбир гӯяд, такбир мегуфтанд.   Ниг: Ирвоу-л-ғалил (2/121)

Такбир аз ҳангоми баромадан аз хона то расидан ба намозгоҳ ва то омадани имом, дар назди гузаштагон як чизи хеле машҳуду ошкор буд ва гурӯҳе аз муаллифон ба монанди Ибни Абушайба, Абдураззоқ ва Фирёбӣ инро дар китоби "Аҳкому-л-идайн" аз гурӯҳе аз гузаштагон нақл кардаанд. Аз ҷумла Нофеъ ибни Ҷубайр такбир мегуфт ва аз такбир нагуфтани мардум тааҷҷуб карда, мегуфт: "Оё шумо такбир намегӯед?".

Ибни Шиҳоби Зуҳрӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд: "Мардум аз ҳангоми аз хона баромадан то дохил шудани имом такбир мегуфтанд".

Вақти такбир дар иди Фитр аз шаби ид оғоз шуда, то дохил шудани имом ба намози ид идома меёбад.

Аммо дар иди Азҳо, такбир аз аввалин рӯзи Зулҳиҷҷа оғоз ёфта, то ғуруби офтоб, дар охирин рӯзи айёми ташриқ идома меёбад.

- Сифати такбир:

Дар "Мусаннаф"-и Ибни Абушайба бо санади саҳеҳ аз Ибни Масъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ дар айёми ташриқ такбир мегуфт:

اللهُ أَكْبَرُ ، اللهُ أَكْبَرُ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَاللهُ أَكْبَرُ ، اللهُ أَكْبَرُ وَللهِ الْحَمْدُ

"Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳ, валлоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва лиллаҳи-л-ҳамд".

(Аллоҳ бузургтар аст. Аллоҳ бузургтар аст. Ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Аллоҳ бузургтар аст, Аллоҳ бузургтар аст ва ситоиш барои Аллоҳ аст).

Ибни Абушайба ин ҳадисро бори дигар бо ҳамин санад ривоят кардааст, ки дар он такбир се маротиба гуфта шудааст.

Инчунин Ал-Маҳомилӣ бо санади саҳеҳ аз Ибни Масъуд ривоят кардааст:

اللهُ أَكْبَرُ كَبِيرًا ، اللهُ أَكْبَرُ كَبِيرًا ، اللهُ أَكْبَرُ وَأَجَلُّ ، اللهُ أَكْبَرُ وَللهِ الْحَمْدُ

"Аллоҳу акбару кабиран, Аллоҳу акбару кабиран, Аллоҳу акбару ва аҷаллу, Аллоҳу акбару ва лиллаҳи-л-ҳамд".

(Аллоҳ бузургтар аст, чи бузургие. Аллоҳ бузургтар аст, чи бузургие. Аллоҳ бузургтару баландмартабатар аст. Аллоҳ бузургтар аст ва ситоиш барои Аллоҳ аст).

Ниг: Ал-Ирво (3/126).

4- Табрику таҳният:

Яке аз одобҳои ид, табрику таҳнияти хубест, ки мардум байни якдигар мубодила мекунанд, бо кадом лафзе ки бошад, монанди ин ки ба якдигар мегӯянд: "Тақаббалаллоҳу минно ва минкум". (Аллоҳ аз мову шумо қабул кунад). Ё ин ки: "Ид муборак". Ва ё дигар ибораҳои табрикотие, ки гуфтанаш раво бошад.

Аз Ҷубайр ибни Нуфайр ривоят аст, ки мегӯяд: Саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи ид ҳар гоҳ ба якдигар рӯ ба рӯ шаванд, мегуфтанд: "Туқуббила минно ва минкум". (Аз мову шумо қабул карда шавад). Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Санади ин ҳадис ҳасан аст.   "Фатҳу-л-борӣ" (2/446).

Табрику таҳният гуфтан дар назди саҳобагон як чизи машҳур буд. Донишмандон ба монанди Имом Аҳмад ва дигарон ба он рухсат додаанд. Далелҳое ворид шудаанд, ки бар машрӯъ будани табрику таҳният ба маросимҳо ва табрику таҳнияти саҳобагон ба ҳамдигар ҳангоми ҳосил шудани чизҳои хурсандиовар далолат мекунад, мисли ин ки ҳар гоҳ Аллоҳ таъоло тавбаи мардеро қабул кунад, ӯро ба он муносибат табрик менамуданд ва ба монанди он.

Бешубҳа, ин табрикот аз ҷумлаи ахлоқи некӯ ва нишонаҳои хуби мусулмонон дар ҷомеа мебошад.

Камтарин чизе, ки дар мавзӯи табрику таҳният гуфта мешавад, ин аст, ки касе шуморо ба ид табрик кунад, шумо низ ӯро ба ид табрик кунед ва агар дигарон хомӯш бошанд, шумо низ хомӯш бошед. Чуноне ки Имом Аҳмад (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Агар касе маро табрик кунад, ман ба ӯ ҷавоб мегардонам, вагарна ман худам табрикро оғоз накунам.

5- Зебоӣ барои идайн:

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Умар ҷуббае  (либоси болопӯши васеи дароз) аз истабрақ (навъе аз абрешим)-ро ки дар бозор фурӯхта мешуд, гирифт ва онро ба назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оварда, гуфт: Эй расулуллоҳ! Инро бихар ва худро бо он дар рӯзи ид ва қабули намояндагон зебу зинат бидеҳ. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: «Ин либоси касе аст, ки дар охират ягон насибе надорад».   Ривояти Бухорӣ (948).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) зебо шудан барои идро иқрор намуд, вале ӯ харидани он ҷуббаро инкор кард, зеро он аз абрешим буд.

Аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҷуббае дошт, ки онро дар идайн ва рӯзи ҷумъа мепӯшид.   "Саҳиҳ"-и Ибни Хузайма (1765).

Байҳақӣ бо санади саҳеҳ ривоят кардааст, ки Ибни Умар зеботарин либосашро барои ид мепӯшид.

Аз ин рӯ, барои мард шоиста аст, ки барои рафтан ба намози ид беҳтарин либоси худро бипӯшад.

Аммо занон бошанд, ҳангоми рафтан ба намози ид, аз зинат дурӣ ҷӯянд, зеро онон аз зоҳир намудани зинатҳояшон ба мардони бегона манъ шудаанд. Инчунин барои зане, ки аз хона баромадан мехоҳад, ҳаром аст, ки хушбӯӣ истифода намояд, ё мардонро ба фитна гирифтор кунад, зеро ӯ танҳо ба хотири тоату ибодат берун баромадааст.

6- Ба намоз бо роҳе рафтан ва бо роҳи дигаре баргаштан.

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар гоҳ рӯзи ид фаро расад, ба намози ид бо роҳе мерафт ва бо роҳи дигаре бар мегашт».   Ривояти Бухорӣ (986).

Гуфта шудааст, ки ҳикмат аз он ин аст, ки ҳар ду роҳ барои ӯ дар назди Аллоҳ, дар рӯзи қиёмат гувоҳӣ медиҳанд. Замин дар рӯзи қиёмат ҳар як амали неку баде, ки дар рӯи он анҷом шудааст, нақл мекунад.

Гуфта шудааст, ки он барои ошкор намудани шиорҳои Ислом дар ду роҳ аст.

Ва гуфта шудааст, ки он барои ошкор намудани шиорҳои Ислом дар ду роҳ аст.

Инчунин гуфта шудааст, ки он барои зоҳир намудани зикри Аллоҳ аст.

Ва инчунин гуфта шудааст, ки он ба хотири ба хашм овардани мувофиқону яҳудиён аст ва то ононро бо адади зиёди ҳамроҳони худ битарсонад.

Ва боз гуфта шудааст, ки ҳикмат аз он ин аст, ки (дар роҳи рафту омад) ҳоҷатҳои мардумро адо намояд, аз ҷумла посух ба соволҳо, таълим, иқтидо ва пайравӣ ё садақа ба мӯҳтоҷон ё зиёрати наздикон ва силаи раҳм.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб