Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми тамошо намудани оинаи нилгун (телевизион)

3633

Таърихи нашр : 05-07-2020

Мушоҳидаҳо : 1983

Савол

Оё дар Ислом тамошо намудани оинаи нилгун ҷоиз аст? Ва агар ҷоиз бошад, оё ягон шарте дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳангоми тамошо намудани филмҳо бисёр чизҳои ғайри шаръӣ дида мешавад, ба монанди кашфи аврат, шунидани мусиқӣ, эътиқодҳои фосид ва даъват ба монандии кофирон. Дар ҳақиқат Аллоҳ таъоло моро амр намудааст, ки чашмони худро аз назар намудан ба чизҳои ҳаром бипӯшонем.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 قُل لِّلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ وَيَحْفَظُوا فُرُوجَهُمْ ذَٰلِكَ أَزْكَىٰ لَهُمْ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا يَصْنَعُونَ ، وَقُل لِّلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ

  (سورة النور : 31).

"Ба мардони мӯъмин бигӯ, то чашмҳои худро (аз назар кардан ба номаҳрамон) фурӯ гиранд ва шармгоҳи худро ҳифз кунанд, ин барои онон покизатар аст. Ҳароина Аллоҳ ба он корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст. Ва ба занони мӯъмина бигӯ, то чашмҳои худро фурӯ гиранд ва шармгоҳи худро ҳифз кунанд".   (Сураи Нур: 30-30).

Ва чун пӯшидани чашм дар ҳифзи шармгоҳ нақши асосиро мебозад, бо зикри он шурӯъ намуд. Аллоҳ таъоло чашмро оинаи дил қарор додааст, чун инсон чашми худро аз назар намудан ба чизҳои ҳаром бипӯшад, дил низ шаҳвату хоҳишоти худро хоҳад пӯшид ва агар онро озод  бигузорад, дил низ шаҳваташро озод хоҳад гузошт. Дар китоби "Саҳиҳ"-и Муслим (1218) чунин омадааст:

"Фазл ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) рӯзи иди Қурбон дар болои маркабе қафои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар роҳи Муздалифа ба сӯи Мино буданд, ки як гурӯҳ занон аз онҷо мегузаштанд. Фазл ба онҳо назар карданӣ шуд, дар ин асно паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рӯи Фазлро ба тарафи дигар гардонид".

Ин баёнгари ҷоиз набудани назар кардан аст. Агар назар намудан иҷозат мебуд, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ин кори Фазлро иқрор менамуд.

Дар китоби "Саҳиҳ"-и Бухорӣ (6343) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадисе омадааст, ки фармудааст:

"Ҳаройина Аллоҳ азза ва ҷалла бар фарзанди одам насиби ӯ аз зиноро навиштаст, (барои раҳои ёфтан аз он) чорае надорад, он насибашро хоҳад дарёфт. Пас чашм зино мекунад ва зинои он (бо шаҳват) назар намудан аст ва забон зино мекунад ва зинои он (бо лафзҳои шаҳватнок) сухан кардан аст ва пой зино мекунад ва зинои он қадам задан аст ва даст зино мекунад ва зинои он  қапидан аст ва дил (барои даст ёфтан ба ин амалҳои фоҳиша) хоҳиш ва орзу мекунад ва шармгоҳ бошад ҳамаи инро (яъне зинои ин узвҳоро) тасдиқ мекунад ё дуруғ мешуморад".

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ин ҳадисро бо зинои чашм шурӯъ намуд, зеро он дар зинои даст, пой, дил ва шармгоҳ нақши асосиро мебозад. Ва ба ҷои "зинои даҳон бо сухан", "зинои забон бо гуфтугӯ"- ро ёдовар шуд. Шармгоҳ бошад, дар ҳолати иҷрои ин кор, тасдиқкунанда ва ё ҳангоми иҷро нашуданаш, дуруғшуморанда қарор гирифтааст.

Ин ҳадис возеҳтарин далел, бар он аст, ки чашм бо назар намудан нофармонӣ менамояд ва назар намудан зинои он аст. Ин рад бар ононест, ки ҳама гуна назар намуданро раво шуморидаанд.

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ фармудааст:

"Эй Алӣ, ба дунболи назар марав, ҳароина назари яккум аз они туст ва назари дуввум аз они ту нест".

Назар, чигунае, ки тир дар ҷои бархурдааш таъсир мекунад, ҳамонгуна дар дил таъсир хоҳад кард, агар онро накушад, маҷруҳ месозад. Он монанди як шарораи оташест болои алафи хушк, агар ҳамаи онро насӯзонад ҳам, баъзеи онро хоҳад сузонд.

Аллоҳ гӯяндаи ин мисраҳоро раҳмат намояд:

كل الحوادث  مبدأها  من النظر                  ومعظم النار من مستصغر الشرر

Ҳама ҳодисаҳо сарчашмааш назар бувад.

         Ҳама сухторҳо зи шарораи хурд бувад.

(Сарчашмаи ҳама ҳодисаҳо аз назар ва сарчашмаи ҳама сӯхторҳо аз шарораи хурд бувад).

كم نظرة فتكت في قلب صاحبها                   فتك  السهام  بلا قوس  ولا وتر

Чи басо назаре дили соҳиби худро нобуд сохт.

         Он нобудсохтанӣ аз тири бе камону бе тор аст.

(Бисёре аз назарҳо сабаби нобудии дили соҳибаш мегардад, ба монанди тире, ки бе камону бе тор нобуд месозад).

والمرء  ما دام ذا عين  يقلبها                   في أعين الغير موقوف على الخطر

То он даме, ки инсон дорои чашми дар чашми дигарон баргардонанда аст, дар хатар хоҳад буд.

قد سر   مقلته  ما ضر  مهجته                       لا مرحبا بسرور عاد بالضرر

Ҳамоно чашмонро бо зарари чеҳра хушнуд намуд.

          Безор аз он хушнудие, ки пасомадаш зиён бувад.

Бинобар ин, Шайх Ибни Боз дар китоби "Ал-Фатово" (3227) ба ин монанд суханҳоро гуфтааст:

Оинаи нилгун олати хатарнок буда, монанди синамо ва ё аз он сахтар зарарҳо дорад. Мо аз рисолаҳое, ки дар ин бобат навишта шудаанд ва аз забони мутахассисони ин олат дар давлатҳои Арабӣ ва ғайри он огоҳӣ пайдо намудем, ки ин олат то чӣ андоза хатарнок буда дар ақида ва ахлоқу аҳволи ҷомеа зарар мерасонад.

Ба намоиш гузоштани бадахлоқӣ, диданиҳои фитнаангез, суратҳои фаҳшу нимурён, хутбаҳои вайронгар, мақолаҳои куфромез, ба ахлоқу сару либоси кофирон монандиро тарғиб намудан, бузург доштани бузургону сардорҳояшон, дур шудан аз ахлоқ ва сару либоси мусалмонон, таҳқир намудани уламо ва бузургони Ислом, ба намоиш гузоштани онҳо бо суратҳои нафратангез, ба хотири таҳқир намудан ва дурӣ ҷустан аз саргузашти онҳо, баён намудани роҳҳои макру ҳила, ғорату тороҷгарӣ, дуздиву суиқасд, душманӣ бар мардум, ҳамаи ин зарарҳои оинаи нилгун аст.

Ҳеҷ шакке нест, агар чизе ба ин гуфтаҳо монанд бошад ва паёмади ин гуна фасодҳоро дошта бошад, манъу ҳазар ва пешгирӣ намудани роҳҳои он воҷиб аст. Агар бародарони хоҳишманд аз он ҳазар бикунанд, ягон маломате бар онҳо нест, зеро насиҳат аз барои Аллоҳ ва аз барои бандагон ба ҳисоб меравад.

Шояд шахсе гумон кунад, ки ин ин олат аз ин бадиҳо эмин буда, дар ҳолате, ки таҳти назорат гирифта шавад танҳо чизҳои ба фоидаи омма бударо паҳн мекунад, ингуна инсон фоидаро дур гардонида,  ғалати бузурге кардааст. Чунки назоратгар хабардор намешавад, зеро дар ин замона ағлаби мардум ба хориҷ тақлид намуда, ба он чизе, ки дар онҷо сурат мегирад, хотирашон осуда мегардад. Ва кам назоратгаре пайдо мешавад, ки масъулияти худро иҷро кунад. Хусусан дар ин замона, ки аксари мардум ба беҳудабозиву амалҳои ботил ва боздоштан аз роҳи ҳидоят  майл доранд, ки воқеъият баёнгари ин гуфтаҳост.

Аз Аллоҳ мепурсем, ки моро аз ҳама бадиҳо хифз кунад  ҳаройина Ӯ Ҷаввод ва Карим  аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид