Ҷумъа 17 Шаввол 1445 - 26 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Закот додан ба толибилм

34631

Таърихи нашр : 07-10-2021

Мушоҳидаҳо : 1840

Савол

Агар марде тамоми вақти худро ба талаби илми шаръӣ бахшад, пас оё ҷоиз аст, ки ба ӯ барои садди эҳтиёҷоташ, аз қабили хароҷот (хӯроку пӯшока ва ғайра) ва харидани китобҳо закот дода шавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мустаҳаққони закот ҳашт тоифа мебошанд, ки Аллоҳ таъоло онро дар ояти зерин зикр кардааст:

 إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِى الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِى سَبِيلِ اللهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِّنَ اللهِ وَاللهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ   

سورة التوبة: ٦٠

«Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст. Фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст».   (Сураи Тавба: 60).

Мурод аз "роҳи Аллоҳ" ҷиҳод аст, то ки калимаи Аллоҳ боло бошад. Ба муҷоҳид барои садди эҳтиёҷоташ, аз қабили хароҷот (хӯроку пӯшока ва ғайра) закот дода мешавад ва ҳамчунин ба ӯ барои харидани силоҳ молоҳое дода мешавад.

Донишмандон гуфтаанд: Аз ҷумлаи "роҳи Аллоҳ" ин мардест, ки тамоми вақти худро ба талаби илми шаръӣ мебахшад. Ба ӯ мувофиқи эҳтиёҷоташ, аз қабили хароҷот, пӯшока, хӯрок, нӯшокӣ, ҷои зист ва китобҳои илмӣ аз закот дода мешавад, зеро илми шаръӣ як навъ ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ аст. Ҳатто Имом Аҳмад (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Ҳеҷ чизе баробари илм шуда наметавонад, агар ният холис бошад".

Илм асоси шариат аст ва бидуни илм шариат нест. Аллоҳ таъоло Қуръонро нозил кардааст, то мардум бо адолат амал кунанд ва аҳкоми шариати худ ва ҳар он чизеро, ки зарур аст, аз қабили ақида ва гуфтору кирдор таълим бигиранд.

Аммо ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ аз беҳтарин амалҳо, балки қуллаи баланди Ислом аст. Ҳеҷ шубҳае дар фазилати он нест, вале илм дар Ислом мақоми баланде дорад ва ворид шудани илм ба ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ возеҳу равшан аст ва ишколе дар он нест. Поёни сухан.

"Маҷмӯу фатово"-и Ибни Усаймин (337-338).

Аз Кумитаи доимӣ пурсиданд:

Оё сарф намудани закот ба толибилмоне, ки сахт мӯҳтоҷанд, ҷоиз аст?

Дар ҷавоб гуфтанд:

Бале, закот додан ба онҳо барои садди эҳтиёҷоташон ҷоиз аст.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (10/17).

Дар "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳийя" омадааст:

"Фақеҳон бар раво будани закот додан ба толибилм иттифоқ кардаанд. Ҳанафиён, шофеиён ва ҳанбалиён онро равшан баён кардаанд ва аз мазҳаби моликиён низ чунин фаҳмида мешавад. . . Баъзе аз ҳанафиён гуфтаанд, ки агар толибилм танҳо барои таълим ва омӯхтани дониш фориғ шуда бошад, ҳатто сарватманд ҳам бошад, закот гирифтанаш ҷоиз аст, зеро ӯ барои кор кардан вақт надорад.

Нававӣ мегӯяд: Агар ба касб қодиру тавоно бошад, ки лоиқи ҳолаш аст, вале ӯ ба омӯхтани илмҳои шаръӣ машғул аст, тавре ки агар ба касб рӯй оварад, аз донишомӯзӣ дур мешавад, закот барои чунин шахс ҳалол аст, зеро талаби илм фарзи кифоя аст.

Аз Ибни Таймия оиди толибилме, пурсиданд ки барои харидани китобҳо мол надорад, оё кор карда он китобҳоро мехарад? Дар ҷавоб гуфт: Ҷоиз аст, ки мувофиқи ҳоҷаташ барои китобҳои илмие, ки барои манфиати дин ва дунёяш зарурӣ аст, аз закот бигирад.

Буҳутӣ мегӯяд: Шояд он аз ҳашт тоифаи дар оят зикршуда берун нашавад, зеро он аз ҷумлаи эҳтиёҷоти толибилм мебошад ва он ба монанди нафақа ба ҳисоб мервад. Фақеҳон закотро танҳо барои толибилми шаръӣ (толибилме, ки ба омӯхтани илмҳои динӣ машғул аст) ҷоиз донистаанд.

Ҳанафиён гуфтаанд, ки фиристодани закот аз як кишавар ба кишвари дигар барои толибилм ҷоиз аст. Поёни сухан бо ихтисор.

"Ал-Мавсуъату-л-фиқҳийя" (28/337).

     Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб