Шанбе 11 Шаввол 1445 - 20 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Намози идайн чӣ савобе дорад?

Савол

Намози иди Фитр ва Азҳо (Қурбон) чӣ савобе дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло барои ҳар касе, ки ба Ӯ имон оварда ва амалҳои солеҳ анҷом додааст, савоби фаровонро дар дунёву охират ваъда додааст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

مَنْ عَمِلَ صَالِحاً مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنثَى وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَلَنُحْيِيَنَّهُ حَيَاةً طَيِّبَةً وَلَنَجْزِيَنَّهُمْ أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

النحل/97 .

Ҳар кас аз мард ё зан, ки кори неке анҷом диҳад ва мӯъмин бошад, ҳатман, ӯро ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва ба онон беҳтар аз он коре, ки мекарданд, подош медиҳем.   (Сураи Наҳл: 97).

Инчунин расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ваъда додааст, ки ҳар кас ӯро фармонбардорӣ кунад, ба ҷаннат дохил мешавад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

Касе маро фармонбардорӣ кунад, ба ҷаннат ворид мешавад.   Ривояти Бухорӣ (7280).

Ин аҷру савоб ом аст, ҳамаи тоатҳоро дарбар мегирад.

Ҷуз ин ки баъзе тоатҳо вуҷуд доранд, ки Аллоҳ таъоло он тоатҳоро мавриди таваҷҷӯҳи бештар қарор дода ва барои он аҷри хоссеро зикр намудааст, ба монанди дучанд шудани ҳасанот ё кафораи гуноҳон ё наҷот ёфтан аз дӯзах ва монанди он…

Мо намедонем, ки дар фазилати намози ид аҷру савоби махсусе омада бошад. Балки он ба далелҳои омми собиқ ва ба дигар далелҳо ворид аст.

Намоз иди фитр ба умуми башорат ба растагории ояти зерин дохил аст, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 قَدْ أَفْلَحَ مَنْ تَزَكَّى ، وَذَكَرَ اسْمَ رَبِّهِ فَصَلَّى

الأعلى/14 – 15

Ҳароина растагор шуд, ҳар ки пок шуд. Ва номи Парвардигорашро ёд кунад ва намоз бигузорад.   (Сураи Аъло: 14-15).

Шайх Абдурраҳмони Саъдӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Ҳароина растагор шуд, ҳар ки пок шуд. Яъне: Пирӯз шуд ва бурд кард он касе, ки нафси худро пок намуд ва онро аз ширку зулм ва ахлоқи бад тоза кард…

Аммо баъзе шахсон (ин оятро) чунин тафсир кардаанд:

تَزَكَّى

Яъне: "Закоти фитр дод".

 وَذَكَرَ اسْمَ رَبِّهِ فَصَلَّى 

Ва номи Парвардигорашро ёд кунад ва намоз бигузорад. Он намоз, намози ид аст.

Ҳарчанд ин чиз дар лафз ворид аст, аммо танҳо маънои он нест. Поёни сухан аз китоби "Тафсири Саъдӣ" (саҳ 921).

Намози иди Азҳо (Қурбон) дар яке аз рӯзҳои даҳаи Зулҳиҷҷа қарор дорад, ки он рӯзҳо, рӯзҳои бофазилат, балки беҳтарин рӯзҳои сол аст.

Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳеҷ рӯзҳое нест, ки амали солеҳ дар он беҳтар аз ин рӯзҳо бошад. Гуфтанд: Ҳатто ҷиҳод? Фармуд: Ҳатто ҷиҳод, магар марде, ки хориҷ шавад ва ҷону моли худро ба хатар андозад ва ҳеҷ якеро пас наёварад".   Ривояти Бухорӣ (969).

Аз Абдуллоҳ ибни Қурт аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки фармудааст: Бузургтарин рӯзҳо назди Аллоҳ таъоло рӯзи иди Қурбон, сипас рӯзи қар аст. Рӯзи қар рӯзи дуввум аст.   Ривояти Абудовуд (1765). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳи сунани Абудовуд" (6/14) саҳеҳ донистааст.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб