Панҷшанбе 16 Шаввол 1445 - 25 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми ба навзод "Мунтазар" ном гузоштан

297854

Таърихи нашр : 12-03-2021

Мушоҳидаҳо : 1401

Савол

Оё ба навзод "Мунтазар" ном гузоштан ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Асос дар номҳо ин аст, ки он мубоҳ ва ҷоиз мебошад, ба истиснои номҳое, ки шариат онро ҳаром гардонидааст. Аз ҷумла:

  1. Номҳои хосси Аллоҳ.

2- Номҳое, ки ба ғайри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) лоиқ намебошад.

3- Ҳар як номе, ки барои ғайри Аллоҳ таъоло бандагиро ифода кунад.

4- Номҳои бутоне, ки ба ҷои Аллоҳ парастида мешаванд.

5- Номҳои шаётин.

6- Номҳои хосси кофирон.

Барои дарёфти маълумоти бештар ба ҷавоби саволи рақами (1692) нигаред.

Дуввум:

Бояд падар ба писари худ номи хуб гузорад. Зеро ном унвони шахс, нишона ва барои муошират бо ӯ як чизи зарурӣ аст. Ном зинати шахс ва нишонаест, ки бо он дар охират ва дунё даъват карда мешавад. Ишораест ба дини ӯ ва ин ки ӯ аз пайравони ин дин аст. Ном дар назди мардум мартабаҳо ва нишонаҳои худро дорад. Ном дар назди онон ба монанди либосест, ки агар кӯтоҳ бошад, зишт аст ва агар дароз бошад ҳам, зишт аст.

Аз байни номҳое, ки дар қавми шумо маъмуланд, хушмаънотарини онро интихоб карда, ба навзод гузоштан, ҳеҷ боке надорад. Зеро номҳо дорои маъноҳо ҳастанд, бар маънои худ далолат мекунанд ва ба чизҳои ном ниҳодашуда таъсир доранд. Агар (дар номгузорӣ) номҳои махсуси мусулмонон ё яке аз шиорҳои онон риоя карда шавад, беҳтару авлотар аст. Инчунин (агар дар номгузорӣ) номҳои арабӣ интихоб карда шавад, беҳтару авлотар аст, зеро байни забони арабӣ ва Ислом алоқаи мустаҳкам вуҷуд дорад.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (7180) нигаред.

Саввум:

Дар мавриди "Мунтазар" ном гузоштан, агар ба ин номгузорӣ аз ҷониби шариат монеияте вуҷуд надошта бошад ва ин ном дар ҷомеаи шумо қобили қабул бошад, ҳеҷ боке надорад.

Гарчанде ки беҳтар аст интихоб намудани номҳое, ки маънои хуб доранд. Номи "Мунтазар" чунин ба назар намерасад.

Бидон, ки номҳои некӯ аз панҷ мартаба иборатанд:

Мартабаи аввал: Номи Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон. Зеро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадиси саҳеҳе ворид шудааст, ки мефармояд: «Маҳбубтарин номҳо дар назди Аллоҳ таъоло Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст».   Муслим ин ҳадисро дар «Саҳиҳ»-и худ 1398 ривоят кардааст.

Мартабаи дуввум: Номҳои дигаре, ки ба Аллоҳ таъоло бандагиро ифода кунад, мисли Абдулазиз, Абдурраҳим, Абдулмалик, Абдулилоҳ, Абдуссалом ва дигар номҳое, ки ба Аллоҳ таъоло бандагиро ифода кунанд.

Мартабаи саввум: Номҳои паёмбарону фиристодагони Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар онҳо бод). Бешак беҳтарин, афзалтарин ва сарвари онҳо паёмбарамон Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст, ки Аҳмад низ яке аз номҳои дигари ӯст. Сипас паёмбарони улу-л-азм, яъне Иброҳим, Мусо, Исо ва Нуҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар онҳо бод) сипас дигар паёмбарону фиристодагони Аллоҳ (дурудҳову паёми Аллоҳ бар ҳамаи онҳо бод).

Мартабаи чаҳорум: Номҳои бандагони солеҳи Аллоҳ. Беҳтарини онҳо саҳобагони паёмбарамон (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошанд. Аз рӯи пайравӣ ба онон ва ба умеди болошавии дараҷот, ба номҳои некӯи онҳо номгузорӣ кардан мустаҳаб аст.

Мартабаи панҷум: Ҳар номи неке, ки маънои дуруст ва зебое дошта бошад.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб