Ҷумъа 10 Шаввол 1445 - 19 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Амалҳои солеҳ

26242

Таърихи нашр : 04-04-2023

Мушоҳидаҳо : 1312

Савол

Амалҳои солеҳ кадомҳоянд? Ман баъзе амалҳои солеҳро медонам, вале гумон намекунам, ки ҳамаашро медонам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Амалҳои солеҳ он аст, ки мувофиқи Шариъат бошад ва анҷомдиҳандааш барои Парвардигори худ мухлис бошад, (яъне холис барои Аллоҳ таъоло анҷом бидиҳад). Шайху-л-ислом ибодатро чунин таъриф намудааст: "Ибодат як мафҳуми ҷомеъ аст, ки шомили тамоми чизҳоест, ки Аллоҳ онро дӯст медорад ва аз он розӣ мешавад, аз ҷумлаи гуфторҳо ва рафторҳои зоҳириву ботинӣ". Амалҳои солеҳ гуногун ва хеле зиёданд ва мо ҳамаи онҳоро ҳисоб ва номбар карда наметавонем, вале мо баъзеи онҳоро зикр мекунем:

1. Имон ба Аллоҳ.

Имон ба Аллоҳ, фариштагони Ӯ, китобҳои Ӯ, рӯзи охират ва имон ба тақдири неку бадро дарбар мегирад.

2. Намоз дар вақташ.

Панҷ намозҳоест, ки Аллоҳ таъоло онҳоро дар шабу рӯз фарз кардааст. Саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) бар куфри тарккунандаи намоз иҷмоъ намудаанд.

Таъхир намудани намозҳо аз вақтҳояшон ҷоиз нест. Бояд тамоми рукнҳову воҷибҳои онҳо адо карда шавад ва мусалмон бояд ҳамон гуна ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намоз хондааст, намоз гузорад.

3. Ҳаҷҷи мабрур.

Маънои ҳаҷҷи мабрур чунин аст:

А- Бояд бо пули ҳалол анҷом дода шавад.

Б. Дар ҳаҷ бояд аз корҳои ношоиста, гуноҳ ва баҳсу мунозира парҳез кунад.

В. Бояд маносики ҳаҷҷаш мувофиқи суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) анҷом дода шавад.

Г. Дар ҳаҷ риёкориву худнамоӣ накунад, балки дар ҳаҷ барои Парвардигори худ мухлис бошад, (яъне ҳаҷро холис барои Аллоҳ таъоло анҷом бидиҳад).

Ғ. Пас аз ҳаҷ гуноҳ ва ё маъсиятеро анҷом надиҳад.

4. Некӯӣ ба падару модар.

Ин итоат намудани онҳо дар фармонбардории Аллоҳ таъоло мебошад. Итоат намудани онҳо дар гуноҳу маъсият ҷоиз нест. Аз ҷумлаи некӯӣ ба онҳо баланд накардани овоз ба онҳо ва азият надодани онҳо бо суханҳои бад аст.

Аз ҷумлаи некӯӣ ба онҳо нафақа кардан ба онҳо ва хидмат намудан ба онҳост.

5. Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло ҷиҳодро барои барқарор намудани тавҳид ва нашр кардани Ислом бар рӯи замин машрӯъ кардааст. Аллоҳ таъоло барои муҷоҳидони роҳи худ подоши бузургеро омода кардааст.

6. Дӯстӣ дар роҳи Аллоҳ ва бадбинӣ дар роҳи Аллоҳ.

Ин ба он маъност, ки мусулмон бародари мусулмони худро танҳо ба хотири Аллоҳ таъоло дӯст бидорад, на ба хотири рангу нажод ва молу сарват, балки ба хотири тоату фармонбардории Парвардигори худ ва наздик шудан ба Ӯ, бародари мусулмонашро дӯст бидорад.

Ҳамин тавр гунаҳкорро бад бубинад, чунки ӯ Аллоҳ таъолоро нофармонӣ кардааст.

7. Қироати Қуръон.

Қироати Қуръон хоҳ дар ҳизби ҳаррӯзааш бошад ва ё дар намози шаб.

8. Бардавом анҷом додани ибодатҳо агарчи андак ҳам бошанд.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) амалҳои бардавомро дӯст медошт, агарчи кам ҳам бошанд. Ками бардавом аз зиёди бедавом беҳтар аст.

9. Адо намудани амонат.

Ин яке аз воҷибҳо ва яке аз бузургтарин амалҳост. Дар Ислом маълум аст, ки мунофиқ касест, ки амонатро хиёнат мекунад ва онро ба соҳибонаш барнамегардонад.

10. Бахшидани мардум.

Ин ба маънои гузашт кардан аз ҳаққи шахсии худ ва бахшидани золим мебошад, ба шарте ки бахшидан ӯро ислоҳ намояд ё тавба карда, аз зулми кардааш пушаймон шавад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Бо сабаби афву бахшиш танҳо иззати банда афзоиш меёбад».   Ривояти Муслим (2588).

11. Сухани рост гуфтан.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳамеша банда рост мегӯяд ва талош мекунад, ки рост гӯяд, то ин ки назди Аллоҳ таъоло сиддиқ (ростгӯ) навишта мешавад».   Ривояти Муслим (2607).

"Ростгӯӣ роҳи наҷот аст. Ростгӯӣ ахлоқи бузургест, ки паёмбарон ва пайравони ҳақиқии онон чунин хулқ доштанд".

12. Харҷ кардани мол дар роҳи Аллоҳ.

Харҷ кардани мол дар ҷиҳод, харҷ кардани он ба падару модар, камбағалон, мискинон, мӯҳтоҷон, дар сохтмони масҷидҳо, чопи Қуръону китобҳои исломӣ ва харҷ кардани он ба хонаводаву фарзандонро дар бар мегирад.

13. Мусулмонон аз забону дасти ӯ эмин бимонанд.

Худдорӣ намудан аз ғайбат, суханчинӣ, тӯҳмат, дашном ва лаънат ва ҳамчунин иҷтиноб варзидан аз азоб додан ва задани афроде, ки сазовори чунин муносибат нестанд.

14. Хӯрок додан.

Иборат аст аз хӯрок додани инсон ва чаҳорпоён.

15. Салом додан ба касоне, ки мешиносӣ ва ё намешиносӣ, магар ба касоне, ки оғоз намудани салом ба онҳо (дар Шариъат) бо далелҳо манъ шудааст ва онҳо кофирон мебошанд.

16. Ба бенавое кумак намо ва ё ҷоҳилеро дастгирӣ кун.

Бенаво касест, ки ба хотири фақр ё масъулиятҳои хонаводагӣ ба ниёзмандӣ гирифтор шудааст. Ҷоҳил нодонест, ки ҳунаре надорад.

17. Мардумро аз бадӣ дур кун, зеро ин садақаест, ки ба худ садақа намудаӣ.

Ғайр аз амалҳои мазкур, боз амалҳои солеҳи зиёде вуҷуд доранд.

Дар ҳадиси зерин якчанд амалҳои солеҳ номбар шудааст:

Байҳақӣ аз Абузар ривоят кардааст, ки мегӯяд: Гуфтам: Эй расулуллоҳ! Чӣ чиз бандаро аз оташи дӯзах наҷот медиҳад?

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Имон овардан ба Аллоҳ».

Гуфтам: Эй расулуллоҳ! Бо ҳамроҳии имон амале ҳам лозим аст?

Фармуд: «Аз ончи Аллоҳ ба ӯ рӯзӣ додааст, хайру саховат мекунад».

Гуфтам: Эй расулуллоҳ! Агар камбағале бошад, ки чизе барои хайру саховат наёбад?

Фармуд: «Амр ба маъруф мекунад ва аз мункар наҳй менамояд».

Гуфтам: Эй расулуллоҳ! Агар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар карда натавонад?

Фармуд: «Ҷоҳилеро дастгирӣ мекунад». (Ҷоҳил нодонест, ки ҳунаре надорад, ки бо воситаи он ризқу рӯзии худро ба даст оварад).

Гуфтам: Агар худ нодон бошад, коре карда натавонад?

Фармуд: «Ба мазлуме ёрӣ мерасонад».

Гуфтам: Агар нотавон бошад ва ба мазлуме ёрӣ расонида натавонад?

Фармуд: «Намехоҳӣ дар дӯстат хайреро боқӣ бигзорӣ? Пас даст аз озору азияти мардум даст бардорад».

Гуфтам: Эй расулуллоҳ! Агар онро анҷом бидиҳад, вориди биҳишт мешавад?

Фармуд: «Ҳеҷ мӯъмине нест, ки барои ба даст овардани яке аз ин хислатҳо саъй кунад, магар ин ки он хислат (дар рӯзи қиёмат) аз дасти ӯ гирифта, ӯро ба биҳишт мебарад».

Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Аттарғиб" (876) саҳеҳ донистааст.

    Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб