Ҷумъа 10 Шаввол 1445 - 19 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Мақому мартабаи хола ва ҳуқуқи ӯ дар Ислом

229817

Таърихи нашр : 15-10-2021

Мушоҳидаҳо : 2080

Савол

Байни писар ва холааш бояд чӣ муносибате бошад? Яъне, оё ӯ метавонад бо ӯ мусофаҳа (бо даст салом) бикунад? Мақому мартабаи хола дар Ислом чӣ гуна аст? Ва ӯ чӣ ҳуқуқе дорад? Оё ӯ метавонад дар пеши писари хоҳараш рӯи худро кушояд? Лутфан ба таври муфассал шарҳ бидиҳед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Хола дар Ислом мақоми болое дорад, ки ӯ ба манзалаи модар аст. Чуноне ки Абудовуд (2278) аз Алӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят кардааст, ки мефармояд: «Хола ба манзалаи модар аст». Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу Абидовуд" саҳеҳ донистааст.

Гуфта шудааст, ки манзур ин аст, ки хола дар мавриди ҳуқуқи парасторӣ ба манзалаи модар аст, зеро ҳадис дар ин бора ворид шудааст.

Фатҳу-л-борӣ (7/506).

Гуфта шудааст, ки хола дар парасторӣ ва низ дар дигар чизҳо ба манзалаи модар аст.

Заҳабӣ дар китоби "Ал-Кабоир" гуфтааст: "Яъне дар некӯӣ, эҳтиром ва муносибати хешовандӣ (ба монанди модар аст)". Поёни сухан.

Ниг: "Шарҳу булуғи-л-маром"-и Шайх Ибни Усаймин (5/203).

Маънои дуввумро ҳадисе, ки Тирмизӣ (1904) аз Ибни Умар ривоят кардааст, таъйид мекунад, ки марде назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омада гуфт: Эй расулуллоҳ! Ман гуноҳи бузурге содир намудам, пас оё тавбаи ман пазируфта мешавад? Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Оё модар дорӣ?» Гуфт: На. Фармуд: «Оё хола дорӣ?» Гуфт: Оре. Фармуд: «Пас ба холаат некӣ бикун».

Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тарғиб" (2504) саҳеҳ донистааст.

Ин далолат мекунад, ки эҳтиром намудани хола ва некӯӣ ба ӯ яке аз амалҳои бофазилат ва аз ҷумлаи поккунандагони гуноҳон ба ҳисоб меравад.

Абудовуд (4970) аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд: Эй расулуллоҳ! Ҳамаи дугонаҳоям куния доранд. Фармуд: «Худро бо номи писарат Абдуллоҳ куниягузорӣ бикун». Манзур аз писарат писари хоҳараш мебошад. Аз ин рӯ, кунияи ӯ "Умми Абдуллоҳ" буд.  Абдуллоҳ ин Абдуллоҳ ибни Зубайр, писари хоҳари Оиша, писари Асмо мебошад. Аллоҳ аз ҳамаи онҳо хушнуд бод.

Ин ҳадис суханони пешинаро таъкид менамояд, ки хола ба манзалаи модар аст.

Пас барои мусулмон сазовор аст, ки бо холаи худ меҳрубонона рафтор кунад, ҳамон тавре ки бо модари худ рафтор менамояд.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (148430 ) нигаред.

Дуввум:

Холаи шахс ба худи ӯ ва ба тамоми зурийёт (фарзандону наберагон)-и ӯ хола ҳисобида мешавад. Ҳамчунин аммаи шахс ба худи ӯ ва ба тамоми зурийёт (фарзандону наберагон)-и ӯ амма ба ҳисоб меравад. Аммаи падаратон ба шумо низ амма ҳисобида мешавад ва холаи падаратон ба шумо низ хола ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин аммаи модаратон ба шумо низ амма ҳисобида мешавад ва холаи модаратон ба шумо низ хола ба ҳисоб меравад.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (148430 ) нигаред.

Саввум:

Холаи мард аз ҷумлаи маҳрамҳои ӯст, аз ин рӯ, барои мард ҷоиз аст, ки бо ӯ мусофаҳа (бо даст салом) бикунад, бо ӯ танҳо бимонад ва бо ӯ сафар намояд. Ва ҳамчунин барои хола ҷоиз аст, ки рӯяшро дар пеши писари хоҳараш кушояд, чуноне ки модар рӯяшро дар пеши писаронаш мекушояд.

Барои зани мусулмон ҷоиз аст, ки дар пеши маҳрамҳо ва занони ҳамдини худ он узвҳоеро ки кушодани он дар урфу одати аҳли шариату адаб маъмул аст, аз қабили рӯй, сар, гардан, оринҷ ва қисмате аз соқи пой кушояд.

Барои ӯ ҷоиз нест, ки дар пеши онҳо либосҳои кӯтоҳ, шаффофу нозук ва ё тангеро, ки ҳаҷму шакли авратро намоён месозад, бипӯшад.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (82994 ) ва (43480 ) нигаред.

     Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб