Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Чӣ гуна мусулмон ба падару модари худ некӯӣ мекунад?

Савол

Мушкилии ман дар он аст, ки падару модарам ҳамеша бо ҳамдигар мухолифат меварзанд, зеро падарам услуби дурушти азиятнок дошта, шахсияти ногувор, пинҳонкор ва хушк аст. Ману бародаронам аз ӯ зиёд метарсем ва ҳивори мо бо ӯ танҳо сатҳӣ мебошад. Мехоҳам Парвардигорамро хушнуд намоям, то сазовори биҳишт шавам. Оиди аҳамияти некӯӣ ба волидайн хондаам. Аз ин рӯ, ман дар ҳайрат ҳастам, ки чӣ гуна ба падарам некӯӣ намоям? Ман ягон роҳеро барои ин кор намедонам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло некӯӣ ба волидайнро бо ибодат ва тавҳиди худ якҷо зикр кардааст.

Аллоҳ фармудааст:

 وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا

   (سورة الإسراء: 23)

«Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед».   (Сураи Исро: 23-24).

Инчунин Аллоҳ фармудааст:

 وَاعْبُدُوا اللهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا

  (سورة النساء: 36)

«Ва Аллоҳро ибодат кунед ва чизеро ба Ӯ шарик насозед ва ба падару модар некӣ кунед».   (Сураи Нисо: 36).

Ин далели аҳамияти некӯӣ ва хубӣ ба волидайн аст.

Умури зерин некӯӣ ба волидайн ҳисобида мешавад:

Итоати онҳо, ҳурмату эҳтироми онҳо, дуо дар ҳаққи онҳо, паст кардани овоз дар назди онҳо, табассум ба рӯи онҳо, поён намудани боли фурӯтанӣ барои онҳо, ошкор накардани норозигӣ ва нороҳатӣ дар назди онҳо, саъю кӯшиш ба хидмати онҳо, иҷро намудани хоҳишоти онҳо, маслиҳат кардан бо онҳо, гӯш додан ба суханони онҳо, нисбати онҳо ситеза ва саркашӣ накардан ва эҳтиром кардани дӯстони онҳо ҳам дар ҳоли ҳаёташон ва ҳам пас аз маргашон.

Ҳамчунин бе иҷозати онҳо сафар накардан, ба макони болотар аз онҳо нанишастан, дасти худро пеш аз онон ба таом дароз накардан, ҳамсар ва ё фарзанди худро аз онҳо афзал надонистан.

Аз ҷумлаи некӯӣ ба волидайн, ин зиёрат намудани онҳо, тақдими тӯҳфаҳо ба онҳо ва сипосгузорӣ кардан ба онҳо ба хотири тарбия ва некӯие, ки барои шумо дар хурдӣ ва бузургиатон  кардаанд.

Аз ҷумлаи некӯӣ ба волидайн, ин саъю кӯшиш бар кам кардани мухолифати онҳо ба воситаи панду насиҳат то қадри имкон, аз ситамдидаи онҳо маъзарат пурсидан, болида сохтани табъи ӯ ва хушнуд намудани ӯ бо гуфтору кирдор.

Услуби падаратон бо шумо чӣ гунае ки бошад, шумо бояд хушрафтор бошед ва одобу ахлоқи дар боло зикршуда дар шумо дида шавад. Аз ҳар чизе, ки ӯро ғазабнок ё андӯҳгин месозад, дур бошед, модоме ки дар он чиз гуноҳу маъсият дида нашавад, зеро ҳаққи Аллоҳ таъоло аз ҳуқуқи бандагон боло аст.

Аз Аллоҳ бипурсед, ки онҳоро ҳидоят кунад ва ҳолаташонро ислоҳ намояд, зеро Ӯ шуновою наздик ва иҷобаткунандаи дуо аст.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб