Шанбе 18 Шаввол 1445 - 27 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Ба таъхир андохтани қазои рӯза чӣ ҳукм дорад?

Савол

Дар яке аз солҳо дар рӯзҳои одати моҳона рӯза нагирифтам ва то ҳол натавонистам қазои онро анҷом бидиҳам, гарчанде ки солҳои зиёде гузаштанд. Ман мехоҳам қарзи рӯзаамро адо кунам, вале намедонам, ки чанд рӯз рӯзаи қазоӣ дорам. Дар ин ҳолат, чӣ кор кунам?

Хулосаи ҷавоб

Хоҳари суолкунандаам! Шумо бояд барои ба таъхир андохтани қазои рӯза ба сӯи Аллоҳ таъоло тавба намоед, бар тақсиру кӯтоҳиҳои худ пушаймон бошед ва азм намоед, ки дигар чунин кореро анҷом намедиҳед. Ҳамчунин шумо бояд ба рӯзадорӣ мувофиқи тахмини худ шитоб намоед, чунки Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ мукаллаф намесозад. Бар ивази рӯзаи ҳар рӯзе, ки аз даст додаед, ба мискин хӯрок бидиҳед, агар ба он тавоноӣ дошта бошед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шумо бояд се чизро иҷро кунед:
1. Шумо бояд барои ин таъхир ба сӯи Аллоҳ таъоло тавба намоед, бар тақсиру кӯтоҳиҳои худ пушаймон бошед ва азм намоед, ки дигар чунин кореро анҷом намедиҳед, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَتُوبُوا إِلَى اللهِ جَمِيعاً أَيُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

سورة النور: ٣١

«Ва эй мӯъминон, ҳама якҷо ба сӯи Аллоҳ тавба кунед, то растагор шавед».   (Сураи Нур: 31).

Ин таъхир гуноҳ аст. Тавба намудан аз он ба сӯи Аллоҳ таъоло воҷиб аст.
 
2. Шумо бояд ба рӯзадорӣ мувофиқи тахмини худ шитоб намоед. Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ мукаллаф намесозад. Аз ин рӯ, ҳамон миқдореро, ки ба эҳтимоли зиёд рӯзаи он рӯзҳоро аз даст додаед, ҳамон миқдор рӯза бигиред. Агар гумон кунед, ки даҳ рӯз рӯза нагирифтаед, пас даҳ рӯз (қазои онро) рӯза бигиред. Агар гумон кунед, ки он (аз даҳ рӯз) зиёдтар ё камтар аст, пас мувофиқи гумону тахмини худ рӯза бигиред, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

لَا يُكَلِّفُ اللهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا

سورة البقرة: ٢٨٦

«Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ мукаллаф (ӯҳдадор) намесозад».   (Сураи Бақара: 286).

Ҳамчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:

فَاتَّقُوا اللهَ مَا اسْتَطَعْتُمْ

سورة التغابن: ١٦

«Пас, он қадар ки тавонед, аз Аллоҳ битарсед».   (Сураи Тағобун: 16).

3. Бар ивази рӯзаи ҳар рӯзе, ки аз даст додаед, ба мискин хӯрок бидиҳед, агар ба он тавоноӣ дошта бошед. Шумо метавонед ҳамаи онро ба як мискин бидиҳед. Аммо агар камбағал бошед ва ба мискинон хӯрок дода натавонед, ҷуз тавба ва рӯзадорӣ дигар чизе бар шумо воҷиб нест.
Хӯроке, ки бар ивази ҳар як рӯз воҷиб мебошад, ним соъ аз ғизои миёнаи он кишвар аст, ки миқдори он яку ним кило мебошад.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: "Маҷмуъу фатово ва мақолотун"-и Шайх Ибни Боз: 6/19