Ҷумъа 10 Шаввол 1445 - 19 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Саҳарихӯрӣ барои дурустии рӯза шарт нест

Савол

Бидуни ба назар гирифтани Рамазон, агар бихоҳам, ки дар рӯзи душанбе ва панҷшанбе бе саҳарихӯрӣ рӯза бигирам, зеро наметавонам дар субҳ бедор шуда, саҳарихӯрӣ кунам. Оё рӯза бе саҳарихӯрӣ ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Саҳарихӯрӣ барои дурустии рӯза шарт нест. Балки саҳарихӯрӣ мустаҳаб аст. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Саҳарихӯрӣ бикунед, чунки дар саҳарихӯрӣ барака аст».   Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Сарчашма: Фатовои Шайх Ибни Боз, ҷ/4, саҳ/259