Панҷшанбе 16 Шаввол 1445 - 25 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Оё ҳаҷ кардан аз номи майит беҳтар аст ва ё пули ҳаҷро аз номи ӯ ҳамчун садақаи ҷория пардохт намояд?

199368

Таърихи нашр : 29-06-2022

Мушоҳидаҳо : 1456

Савол

Марди 70 солае ҳаҷ намудааст ва мехоҳад аз номи модараш, ки барои ҳаҷ қудрати молӣ надошт ва ҳаҷ накарда, вафот кардааст, ҳаҷ намояд. Боз мехоҳад аз номи ҳамсараш, ки қудрати аз моли худ ҳаҷ карданро надошт ва низ вафот кардааст, ҳаҷ кунад, вале шавҳар қудрати пардохти хароҷоти ҳаҷҷи ӯро дошт. Савол чунин аст: Бо дар назардошти саломатӣ ва бузургсолияш, оё беҳтар аст, ки аз номи модараш ҳаҷ намояд ва сипас аз номи ҳамсараш ҳаҷ кунад ва ё маблағи ҳаҷро аз номи ҳардуи онҳо ҳамчун садақаи ҷория пардохт намуда, аз номи онҳо ният бикунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз ҷумлаи некӣ ба падару модар ва вафодорӣ ба ҳамсар ин аст, ки инсон кӯшиш намуда, ҳар коре, ки пас аз марги онон, дараҷаашонро боло ва савобашонро зиёд мегардонад, анҷом бидиҳад.

Агар манзури саволдиҳанда ин аст, ки аз номи онҳо ҳаҷ намояд ва ё аз номи онон садақа кунад. Дар ин ҳолат, барояш машварат медиҳем, ки аз ҳаҷ оғоз кунад. Аввал аз номи модараш ва баъд аз номи ҳамсараш ҳаҷ намояд. Вале агар худаш қудрати ҳаҷ карданро надошта бошад, ба каси дигар хароҷот ва пули ҳаҷро бидиҳад, то аз номи онҳо ҳаҷ кунад. Ин ба хотири бузург будани савоби ҳаҷ ва ҳамчунин шояд дар ягон вақте дар зинда буданашон, шояд дар овони ҷавониашон, барои ҳаҷ қудрат пайдо кардаанд ва ҳаҷ бар онон фарз гардида буд. Агар аз номи онон ҳаҷ карда шавад, ин фариза аз зиммаашон соқит мешавад.

Худ бояд аз номи онҳо ҳаҷ кунад, вале агар пули ҳаҷро ба ду нафар бидиҳад, то онҳо дар як сол аз номи ҳардуи онон ҳаҷ кунанд, ин ҳам хуб аст.

Аз Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) пурсиданд: Кадоме беҳтар аст, аз номи майит ҳаҷ намудан ва ё маблағи ҳаҷро ба мӯҳтоҷон садақа кардан?

Чунин посух дод: "Агар майит фаризаи ҳаҷро адо накарда бошад, бешак, агар касеро вакил кунад, то аз номи ӯ ҳаҷ намояд, беҳтар аст, зеро ӯ фаризаеро адо мекунад. Аммо агар нофила бошад, пас дар ин ҳолат, ба манфиат назар карда мешавад. Агар мардум дар ҳоли ҳоҷатмандиву гуруснагӣ қарор дошта бошанд, пас дар ин сурат, садақа афзалтар аст, вагарна ҳаҷ беҳтар аст". Поёни сухан.

"Маҷмуъу-л-фатово" (21/263).

Сипас, баъд аз он барояш моле муяссар шавад ва Аллоҳ барояш фарохӣ бахшад ва бихоҳад, ки аз номи онҳо садақа кунад, пас аз номи онҳо садақаи ҷория намояд, агарчи кам ҳам бошад, ӯ метавонад падару модар ва ҳамсарашро дар он шарик созад, ба монанди саҳмгузорӣ дар бинои масҷид, ширкат варзидан дар кофтани чоҳе, бинои вақфе барои муҳтоҷон ва ё ғайра.

Огоҳӣ:

Дар савол омадааст:

"Вале шавҳар қудрати пардохти хароҷоти ҳаҷҷи ӯро дошт".

Бояд гуфт, ки бар шавҳар воҷиб нест, ки хароҷоти ҳаҷҷи ҳамсарашро пардохт намояд, агарчи сарватманд ҳам бошад. Балки ин чиз мустаҳаб буда, бар иҷрокунандааш савоб дода мешавад. Илова бар ин, ин амал аз ҷумлаи муошарати нек нисбат ба ҳамсари худ ҳисобида мешавад, вале агар шавҳар ин амалро накунад, гунаҳгор намешавад.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб