Панҷшанбе 18 Рамазон 1445 - 28 Март 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми хӯрдани гӯшти хом

1924

Таърихи нашр : 05-11-2022

Мушоҳидаҳо : 686

Савол

Саволи ман ин аст, ки дар баъзе ҷомеаҳо мардумоне хастанд, ки ба хӯрдани гӯшти хом майл доранд.

Ман мехостам бидонам, ки ҳукми Ислом дар ин бора чист? Яъне ин ҷоиз аст ё не?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Баъзе аз донишмандон гуфтаанд, ки хӯрдани гӯшти хом макруҳ аст, вале саҳеҳтарин дидгоҳ ин аст, ки хӯрдани он мубоҳ аст, зеро асос дар чизҳо раво будани онҳо мебошад ва ягон далеле бар манъ будани он ворид нашудааст. Аммо ба шарте ҷоиз аст, ки зараре аз хӯрдани он ҳосил нашавад, дар ин сурат (яъне агар хӯрдани гӯшти хом зарар дошта бошад), хӯрдани он манӯъ ва ҳаром мегардад, зеро ҳар он чизе ки зарар мерасонад, ҳаром аст, ҳамонтавре ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَلاَ تُلْقُوا بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ

سورة البقرة: ١٩٥

«Ва худро бо дасти хеш, ба ҳалокат наяфканед».  (Сураи Бақара: 195).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид