Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми Мория, Ҷаннаат ва Фирдавс ном гузоштан

145654

Таърихи нашр : 25-01-2021

Мушоҳидаҳо : 1971

Савол

Ҳукми ба духтари навзод Мория ё Ҷаннаат ё Фирдавс ном гузоштан чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ба духтари навзод Мория ном гузоштан ҷоиз аст. Маънои Мория, зани сафеди тобон мебошад.   "Ал-Қомусу-л-муҳит" саҳ: 1719.

Муқавқис ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Морияи Қибтиро тӯҳфа намуд ва ӯ Иброҳимро таваллуд кард.

Дар гузоштани номи Ҷаннаат ҳеҷ ҳараҷе нест. Ҷаннаат ҷамъи калимаи ҷаннат буда, маънояш боғи пур аз дарахти хурмо ва дарахтони (гуногун) мебошад.

Инчунин дар гузоштани номи Фирдавс ҳам ҳеҷ ҳараҷе нест. Фирдавс боғест, ки дар он тамоми намуди дарахтону меваҳо вуҷуд дорад.   "Ал-Қомусу-л-муҳит" саҳ: 1532, 725.

Барои дарёфти фоида ба ҷавоби саволи рақами (101401) нигаред.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб