Ҷумъа 10 Шаввол 1445 - 19 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Оё бар шавҳари мусулмон воҷиб аст, ки аз номи зани насрониаш закоти фитр бидиҳад?

Савол

Оё бар шавҳар зарур аст, ки аз номи зани насрониаш закоти фитр бидиҳад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар ҷавоби саволи рақами (99353) ихтилофи донишмандон дар мавриди масъулияти мард оиди пардохт намудани закоти фитри ҳамсари мусулмонаш баён карда шудааст.

Аммо агар зан аз аҳли китоб (насроӣ ё яҳудӣ) бошад, бар шавҳар лозим нест, ки аз номи ӯ закоти фитр бидиҳад, зеро закоти фитр танҳо бар мусулмонон воҷиб аст. 

Ривояти Ибни Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ба ин чиз далолат мекунад, ки ӯ гуфтааст: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) закоти фитрро ба андозаи як соъ хурмо ё як соъ ҷав бар ҳар бардаву озод, марду зан, ва хурдсолу бузурги мусулмон фарз гардонид».   Ривояти Бухорӣ (1503) ва Муслим (984).

Калимаи "мусулмон" бар шарт будани мусулмонӣ дар воҷиб шудани садақаи фитр далолат мекунад ва ин садақа бар худи кофир воҷиб нест. Дар ин масъала донишмандон иттифоқ намудаанд. Поёни сухан аз китоби "Субулу-с-салом" (1/538). 

Дар китоби "Муғни-л-муҳтоҷ" (2/112) омадааст: "Закоти фитр бар кофири аслӣ лозим нест, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «(бар ҳар бардаву озод, марду зан, ва хурдсолу бузурги) мусулмон ... ». Ин иҷмоъ аст. Инро Мовардӣ гуфтааст. Чунки он поккунандаи рӯза аст ва кофир аз аҳли он нест. Поёни сухан.

Ҳофиз дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (3/369) гуфтааст: 

Калимаи «марду зан» ба таври равшан далолат мекунад, ки он бар зан, новобаста аз он ки шавҳар дорад ё не, воҷиб аст … Сипас гуфт: "Донишмандон иттифоқ намудаанд, ки марди мусулмон аз номи ҳамсари кофираш закоти фитр намедиҳад". Поёни сухан.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб