Шанбе 11 Шаввол 1445 - 20 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Оиди мӯйсаршинонӣ (кошти мӯй) барои шахси кал мепурсад

13215

Таърихи нашр : 10-01-2023

Мушоҳидаҳо : 1224

Савол

Оё барои шахси кал ҷоиз аст, ки ба сараш мӯй кошт намояд, зеро баъзе мардумон аз он азият мекашанд, хусусан агар ҷавон бошанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди гирифтани мӯй аз пушти сар ва кишт намудани он дар ҷои бемӯй пурсиданд.

Дар ҷавоб гуфт:

Бале, ҷоиз аст, чунки ин кор аз навъи баргардонидани он чизест, ки Аллоҳ таъоло офаридааст. Ин кор ба манзалаи бартараф кардани айб аст ва аз навъи ороиш ва ё изофа кардан бар офариниши Аллоҳ таъоло ба ҳисоб намеравад. Ин кор аз боби тағйир додани офариниши Аллоҳ таъоло намебошад, балки бартарафсозии нуқсон ва айбу камбудӣ мебошад. Қиссаи се нафаре пӯшида нест, ки яке аз онон кал буд ва гуфт, ӯ дӯст медорад, ки Аллоҳ таъоло мӯяшро ба ӯ баргардонад. Онгоҳ фаришта дасти худро бар ӯ молид. Аллоҳ таъоло мӯяшро ба ӯ бозгардонд ва ба ӯ мӯи зебо дода шуд.  

(Ривояти Бухорӣ 3464 ва Муслим 2964).

Сарчашма: Фатово уламои-л-балади-л-ҳаром, саҳ 1185.