Шанбе 18 Шаввол 1445 - 27 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Ифтор додан ба рӯзадорон аз пули закот

128601

Таърихи нашр : 20-03-2024

Мушоҳидаҳо : 192

Савол

Оё бароям ҷоиз аст, ки камбағалону мискинонро ҷамъ кунам ва аз пули закот дар моҳи Рамазон ба онҳо ифтор бидиҳам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин амал ҷоиз нест, зеро яке аз воҷиботи додани закот ба камбағалу мискин ин аст, ки бояд закот мулки онҳо гардад. Ба онҳо пул дода мешавад ва онҳо он пулро бар чизҳое, ки барои худ онро беҳтар мешуморанд, сарф мекунанд. Сухани зерини Аллоҳ таъоло ба он далолат мекунад:

إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِى الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِي سَبِيلِ اللهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِّنَ اللهِ وَاللهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

سورة التوبة: ٦٠

«Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст. Фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст».   (Сураи Тавба: 60).

"Чаҳор тоифаи аввал - фақирон, мискинон, коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон - бо ҳарфи «лом» ифода шудааст, ки ба моликият далолат мекунад.

لِلْفُقَرَاءِ ... .

Пас бояд ба онҳо моликият дода шавад, яъне ба онҳо закот медиҳӣ ва онҳоро мегузорӣ, ҳар чӣ бихоҳанд, мекунанд (ва ҳар чӣ бихоҳанд, бо он пул мехаранд)". Поёни сухан аз "Лиқоу-л-боби-л-мафтуҳ"-и Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

Ал-Мардовии ҳанбалӣ дар китоби "Ал-Инсоф" (3/234) гуфтааст: 

"Дар додани закот шарт аст, ки пули закот мулки гиранда гардад, (яъне пули закот ба ихтиёри мустаҳиққи он қарор бигирад). Аз ин рӯ, (аз пули закот) ба камбағалон хӯроки нисфирӯзӣ ё хӯроки шом додан ҷоиз нест". Поёни сухан.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб