Ҷумъа 10 Шаввол 1445 - 19 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Ҷамъ байни рӯзаи қазои Рамазон ва рӯзаи Ошуро ё Арафа

Савол

Оё метавонам рӯзаи суннатро ба нияти қазои рӯзҳои Рамазон рӯза бигирам? Ва инчунин ба нияти рӯзаи нофила (ба монанди рӯзаи рӯзи Ошуро).

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин масъала дар назди аҳли илм бо номи масъалаи якҷоя кардани ибодатҳо ё ба якдигар дохил намудани ибодатҳо машҳур аст, ки якчанд навъ дорад. Ин яке аз он навъҳоест, ки ҷамъ байни воҷиб ва мустаҳаб бо як ният мебошад. Касе, ки мустаҳабро ният кунад, ин ният барои воҷиб кофӣ нест. Аз ин хотир, касе ки ба нияти Ошуро рӯза бигирад, рӯзааш барои қазои Рамазон кофӣ нест ва касе, ки қазои Рамазонро ният намояд ва онро дар рӯзи Ошуро иҷро бикунад, қазояш дуруст аст ва умед аст, ки савоби рӯзаи Ошуроро ҳосил намояд. Ин дидгоҳи баъзе аз донишмандон мебошад.

Рамлӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ниҳояту-л-муҳтоҷ" (3/208) гуфтааст: "Агар дар моҳи Шаввол ва ё дар рӯзи Ошуро рӯзаи қазо ё рӯзаи назр ё ғайри онро анҷом бидиҳад, савоби рӯзаи нофила барояш ҳосил мегардад, чуноне ки падарам (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аз рӯи пайравӣ ба Боризӣ, Асфунӣ, Ноширӣ, фақеҳ Алӣ ибни Солеҳ Ал-Ҳазрамӣ ва дигарон фатво додааст. Лекин савоби пурраи матлуб барояш ҳосил намегардад, хусусан касе, ки рӯзаи Рамазонро аз даст дода бошаду ба ҷояш дар Шаввол рӯза бигирад". Поёни сухан.

Дар китоби "Муғни-л-муҳтоҷ" (2/184) ва "Ҳавошӣ туҳфати-л-муҳтоҷ" (3/457) ин гуна сухан омадааст.

Шайх Ибни Усаймин дар "Фатово-с-сиём" (438) гуфтааст: Касе, ки дар рӯзи Арафа ё Ошуро рӯза бигирад ва ӯ рӯзаи қазои Рамазон дошта бошад, рӯзааш дуруст аст, вале агар дар он рӯз қазои Рамазонро ният кунад, дар ин ҳолат ду савоб мегирад: Яке савоби рӯзаи Арафа ё Ошуро ва дигаре савоби қазо. Ин амр (яъне ду савоб) нисбат ба рӯзаи нофилаи мутлақ аст, ки ба рӯзаи Рамазон алоқа надошта бошад. Аммо рӯзаи шаш рӯзи Шаввол ба Рамазон алоқамандӣ дорад ва танҳо пас аз рӯзаҳои қазои Рамазон анҷом дода мешавад. Аз ин хотир, агар онро (рӯзаи шаш рӯзи Шавволро) пеш аз қазои Рамазон анҷом бидиҳад, савоби онро ба даст намеоварад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Касе, ки Рамазонро рӯза гирад ва сипас онро бо шаш рӯз аз Шаввол идома диҳад, (яъне шаш рӯзи дигар дар моҳи Шаввол рӯза гирад), гуё, ки як сол рӯза гирифтааст".

Маълум аст, ки касе рӯзаи қазоӣ дошта бошад, то ин ки қазоҳояшро анҷом надиҳад, комилан рӯзагирандаи Рамазон ҳисобида намешавад. Поёни сухан.

Сазовор аст, ки инсон ба анҷом додани рӯзаҳои қазоии худ шитоб намояд ва ин амал аз анҷом додани рӯзаҳои нофила авлотар мебошад. Вале агар вақти ӯ камӣ кунад ва ҳамаи рӯзаҳои қазоии худро анҷом дода натавонад ва битарсад, ки рӯзаи рӯзи бофазилат, ба монанди Ошуро ё Арафа аз ӯ фавт гардад, дар ин ҳолат ба нияти қазо рӯза бигирад, шояд савоби Ошуро ва Арафаро низ ба даст биёварад, зеро фазли Аллоҳ васеъ аст.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб