Сешанбе 14 Шаввол 1445 - 23 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Чӣ тавр ҷудо кардани фарзандон дар бистар (ҷойгаҳ)

128158

Таърихи нашр : 15-07-2020

Мушоҳидаҳо : 1400

Савол

Мехостем оиди чӣ тавр ҷудо кардани фарзандон дар ҷойгаҳ, ки дар ҳадиси расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид шудааст, равшанӣ меандохтед. Оё мақсад аз он, ҷудо кардани писарону духтарон, ё ҷудо намудани писарон аз якдигар ва духтарон аз якдигар аст? Оё мақсад аз он, ҷудо кардани онҳо дар ҷойгаҳ, ё ҳар яке аз онҳо бояд ҳуҷраи алоҳида дошта бошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳадис ом аст. Писарону духтаронро дар бар мегирад. Ҷудо кардан чунин аст: Ба ҳар як писар ва ҳар як духтар ҷойгаҳи алоҳида дода шавад, гарчанде ки дар як ҳуҷра бошанд. Зеро бо якдигар дар як ҷойгаҳ хобидан, шояд онҳоро ба фоҳиша бибарад. Аллоҳ ҳамаи моро ба тамоми хайр муваффақ гардонад. Поёни сухан.

"Маҷмӯу фатово ибни Боз" (25/357). 

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб