Сешанбе 6 Зулҳиҷҷа 1443 - 5 Июл 2022
Тоҷикӣ

Ӯ Рамазонро рӯза мегирад ва баъд аз Рамазон намозро тарк мекунад

Савол

Агар инсон (дар моҳи Рамазон) ба рӯзаи Рамазон ва намоз саъю кӯшиш намояд, вале пас аз ба поён расидани Рамазон намозро тарк кунад, оё рӯзааш пазируфта мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Намоз рукне аз рукнҳои Ислом, муҳимтарин рукн пас аз шаҳодатайн ва аз фарзҳои айн мебошад. Касе ки намозро аз рӯи инкор намудани воҷибияташ ва ё аз рӯи танбалию бепарвоӣ тарк кунад, ба таҳқиқ кофир шудааст. Аммо касоне, ки танҳо дар моҳи Рамазон рӯза мегиранду намоз мехонанд, ин кирдорашон кӯшише барои фиреб намудани Аллоҳ аст. Чи басо қавми зиштанд, ононе ки Аллоҳро танҳо дар моҳи Рамазон мешиносанд. Рӯзаи онон пазируфта намешавад, агар пас аз Рамазон намозро тарк кунанд. Балки бар асоси саҳеҳтарин дидгоҳ онҳо кофир буда, ба куфри акбар воқеъ шудаанд, гарчанде ки воҷибияти намозро инкор накунанд, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Аҳде, ки байни мову онон (мушрикон) аст, ин намоз аст, пас касе ки онро тарк кунад, пас ба таҳқиқ кофир шудааст».   Имом Аҳмад (22428), Тирмизӣ (2621), Насоӣ (431) ва Ибни Моҷа (1079) ин ҳадисро бо санади саҳеҳ аз Бурайда Асламӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Сар (ва асос)-и он Ислом, сутуни он намоз ва баландтарин қуллаи он ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ мебошад».   Имом Тирмизӣ (2616) ин ҳадисро бо санади саҳеҳ аз Муоз ибни Ҷабал (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Байни инсон ва куфру ширк ин тарки намоз аст».   Имом Муслим ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳ"-и худ дар зери шумораи (82) аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст.

Ҳадисҳо дар ин мавзӯъ хеле зиёданд.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: "Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (10/140).