Панҷшанбе 16 Шаввол 1445 - 25 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Бидъати иди Аброр

Савол

Ҳукми иди Аброр (иди некӯкорон), ки ҳар сол дар моҳи Шаввол баргузор мешавад, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз умури нав пайдошуда ва нав эҷодшуда дар моҳи Шаввол, ин бидъати иди Аброр мебошад, ки дар рӯзи ҳаштуми моҳи Шаввол воқеъ аст.

Пас аз ин ки мардум рӯзаи моҳи Рамазонро ба охир мерасонанд, дар рӯзи аввали моҳи Шаввол, ки рӯзи иди Фитр аст, рӯза намегиранд ва (пас аз ид) дар рӯзҳои аввали моҳи Шаввол рӯзаи шаш рӯзи Шавволро оғоз мекунанд ва дар рӯзи ҳаштум ид мекунанд, ки онро иди Аброр меноманд.

Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Аммо қарор додани мавсиме ғайр аз мавсимҳои шаръӣ, ба монанди яке аз шабҳои моҳи Рабиъу-л-аввал, ки онро шаби мавлуд мегӯянд, ё яке аз шабҳои Раҷаб ё ҳаждаҳуми Зулҳиҷҷа ё аввалин ҷумъаи моҳи Раҷаб ё ҳаштуми Шаввол, ки ҷоҳилон онро иди Аброр (иди некӯкорон) меноманд, аз бидъатҳоест, ки гузаштагон онро мустаҳаб надонистаанд ва онро анҷом ҳам надодаанд. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло донотар аст". Поёни сухан.

Маҷмуъу-л-фатово-и Шайху-л-ислом Ибни Таймия (25/298).

Инчунин гуфтааст:

"Аммо ҳаштуми Шаввол на иди аброр (некӯкорон) аст ва на иди фуҷҷор (бадкорон) аст. Барои касе ҷоиз нест, ки онро ҳамчун ид эътиқод кунад ва ойине аз ойинҳои идҳоро дар он рӯз анҷом бидиҳад". Поёни сухан.

Ал-Ихтиёроту-л-фиқҳийя: (Саҳ/199)

Ҷашну таҷлили ин ид дар яке аз масҷидҳои машҳур баргузор мегардад. Мардону занон бо ҳам якҷо мешаванд ва ба якдигар даст дода, салом мекунанд ва ҳангоми салом кардан суханони ҷоҳилонаро ба забон меоваранд, сипас баъд аз он ба омода кардани баъзе хӯрокҳои махсуси ин маросим мераванд.

Китоби Ассунану ва-л-мубтадаъот-и Шуқайрӣ: (Саҳ/166).

Сарчашма: Ал-Бидаъу-л-ҳавлийя-и Шайх Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ибни Аҳмад Тувайҷирӣ, саҳ/350.