Панҷшанбе 9 Шаввол 1445 - 18 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Мушкилиҳои зани ҳиҷобпӯш

11967

Таърихи нашр : 24-05-2021

Мушоҳидаҳо : 2557

Савол

Мушкилии ман дар он аст, ки ба наздикӣ ҳиҷоб пӯшидам. Дар шаҳре, ки ман зиндагӣ мекунам, занони ҳиҷобпӯш  хеле каманд, зеро шаҳри мо шаҳри бениҳоят хурд аст. Ман ба қарибӣ Исломро қабул кардаам. Ман амрикоии африқоитабор ҳастам, шавҳарам покистонӣ мебошад. Аз издивоҷамон чаҳор сол гузашт. Шавҳарам намехоҳад, ки ман ҳиҷоб пӯшам ва инчунин агар аз хона ҳиҷоб пӯшида берун бароям, ӯ намехоҳад, ки бо ҳамроҳии ман роҳ гардад. Ман намедонам, чӣ кор кунам. Пӯшидани ҳиҷоб бароям душвор аст, вале ман медонам, ки ин чиз бар ман зарур аст, зеро ин яке аз роҳҳои расидан ба ҷаннат аст. Оё талоқро фикр кунам?

Дини ислом барои ман хеле муҳим аст. Шавҳарам намози ҷамоатро танҳо дар рӯзҳои ҷумъа адо менамояд. Ман мусулмони нав мебошам. Ин мушкилӣ маро водор мекунад, ки ман гаштаю баргашта гиря кунам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Сараввал шуморо табрику таҳният мекунем, ки Аллоҳ шуморо ба қабули ислом, дини ҳақ ва хотимаи динҳо муваффақ кардааст. Ва аз Аллоҳ мепурсем, ки мову шуморо то мурдан дар Ислом собиту устувор нигаҳ дорад.

Шуморо бо ин сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) башорат медиҳам, ки ба саҳобагон фармудааст: «Пас аз шумо рӯзҳои сабре (вазнине) меоянд, ки ҳар касе дар он рӯзҳо роҳу равиши маро маҳкам дорад (яъне динашро маҳкам дорад), аҷри панҷоҳ нафар монанди  шумо (яъне саҳобагон)-ро ба даст меорад». Саҳобагон гуфтанд: Эй паёмбари Аллоҳ! Ё аҷри панҷоҳ нафар монанди худашонро ба даст меоранд? Фармуд: «Балки аҷри панҷоҳ нафар аз шуморо ба даст меоранд».   Ривояти Ибни Наср. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (494) саҳеҳ донистааст.

Пеш аз он, ки дар мавзӯи талоқ фикр кунед, барои даъвати шавҳаратон ва мардуми гирду атрофи хеш талош кунед, ки ин ҳам фоида барои онон ва ҳам барои устувории худатон  мегардад. Дар ин роҳ пешвоятон бояд занони мӯъминаи солеҳа бошанд, монанди модари мӯъминон Хадиҷа (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод), ки дар устувории қалби паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳангоми пайғамбар шуданаш нақши бузурге бозидааст, ҳатто паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) баъди вафоти Хадиҷа низ, ҳар гоҳ ӯро ёд кунад, ӯро мадҳу ситоиш намуда, барояш санои некӯ мегуфт, чи тавре ки Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят карда, мегӯяд: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рӯзе Хадиҷаро ёд кард ва хеле зиёд ӯро сано гуфту ситоиш кард».   Муснади Имом Аҳмад (24684) ва Ҳайсамӣ ин ҳадисро дар китоби "Ал-Маҷмаъ" ҳасан донистааст.

Ва инчунин монанди Умми Сулайм (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод), ки Абуталҳа ба хостгорияш омад, Умми Сулайм ба ӯ гуфт: Эй Абуталҳа! Мисли ту барин инсонро рад намекунанд, вале ту марди кофир ҳастӣ, аммо ман як зани мусулмонам ва барои ман издивоҷ бо ту ҷоиз нест. Вале агар исломро бипазирӣ, ҳамон маҳри ман хоҳад буд. Абуталҳа мусулмон шуд ва маҳри Умми Сулайм ҳамон исломи Абуталҳа буд.   Ривояти Насоӣ (3341) ва Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-н-насоӣ" (3133) саҳеҳ донистааст.

Пас эй хоҳари азиз - Аллоҳ шуморо тавфиқ диҳад - аз даъвати шавҳари худ оғоз намоед ва ба ҳар василае, ки имкон дорад, ӯро қонеъ кунед, ки ба ислом ва фароизи он мисли намоз, ҳиҷоб ва ғайраҳо пойбанд бошад, ба хусус ӯ ки аз қабл мусулмон аст. Даъвати шавҳарат яке аз роҳҳои расидан ба ҷаннат мебошад.

Ман умедворам, ки Аллоҳ таъоло шавҳари шуморо ба сабаби насиҳати шумо ҳидоят хоҳад кард ва дар ҳаққаш зиёд дуо кунед. Аммо агар ҳамин ҳол идома ёбад ва ҳеҷ беҳбудиеро эҳсос накардед ва гумон доред, ки шавҳари беҳтаре пайдо мекунед, пас мешавад, ки дар мавзӯи талоқ андеша кунед, аммо агар ингуна набошад, фикри талоқро накунед.

Он чизе, ки дар боло зикр кардем, танҳо дар ҳоле мебошад, ки агар шавҳаратон дар намоз бепарво бошад, яъне гоҳо мехонад ва гоҳо тарк мекунад. Аммо агар тамоман намозро тарк карда бошад ва ҳатто дар алоҳидагӣ (бе ҷамоат) ҳам намоз нахонад, пас бо чунин инсон боқӣ мондани шумо ҷоиз нест, зеро тарки намоз  куфр ба Аллоҳ аст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Аҳде, ки байни мову мушрикон аст, ин ҳамин намоз аст, пас касе онро тарк кунад, пас ба таҳқиқ кофир шудааст».   Ривояти Тирмизӣ (2621), Насоӣ (463) ва дигарон. Ин ҳадис, ҳадиси саҳеҳ мебошад. Ба китоби "Ал-Мишкот" (574) нигаред.

Инчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Байни инсон ва ширку куфр ин тарки намоз аст».   Ривояти Муслим (82).

Шумо дар ин холат, гарчанде душвор аст, бояд ба ҳиҷоби хеш сабр кунед. Пешвоёни мо, саҳобагон ва саҳобазанон ба вазниниҳои зиёде гирифтор шуданд ва дар роҳи Аллоҳ азият дода шуданд, ки мо ҳатто андаке аз онро ҳам начашидаем. Ин роҳи ҷаннат аст. Оташи ҷаҳаннам бо шаҳватҳо зинат дода шудааст, аммо ҷаннат бошад, бо сахтиву душвориҳо, печонида шудааст.

Ва боварӣ дошта бошед, ки ин мушкилии ҳиҷоб барои шумо ба сабаби он аст, ки нав ҳиҷоб пӯшидаед, бо сабаби сабру имон, ин мушкиливу ин тангӣ ба роҳату оромиш мубаддал хоҳад шуд, иншоаллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад). Бо сабаби интизории аҷру савоб, душвориҳо сабук мегарданд.

Пойбандиву устувории шумо ба ҳиҷобатон бо вуҷуди ин ҳама вазниниҳо, далели қуввати имони шумост.

Аз Аллоҳ барои мову шумо устуворӣ дар динро металабам. Омин.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб