Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Палонҷ (бохчун, кундош)-аш ӯро бо забони худ азият медиҳад ва ба ӯ салом намедиҳад

11785

Таърихи нашр : 14-01-2022

Мушоҳидаҳо : 1492

Савол

Ҳар гоҳ зан ҳамсари дуввум бошад ва ҳамсари аввал ӯро таҳдид кунад, нафрин намояд ва ба ӯ салом надиҳад, магар дар назди мардум барои нигаҳ доштани обрӯи худ, аммо агар танҳо бошанд ва касе бо ҳамроҳии онҳо набошад, бо ӯ сухан намекунад, дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Ман 9 сол боз ҳамсари ин мард мебошам, аммо ҳамсари аввалаш назар ба ман бо ӯ бештар зиндагӣ кардааст.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бояд ӯ ба қадри имкон сабр кунад, ба бадӣ бо бадӣ ҷавоб нагардонад ва дар муқобили иғвогариҳои палонҷ (бохчун, кундош)-аш хомӯшӣ ва оромиро пеша бигирад.

(Эй хоҳари гиромӣ!) Агар тавонед, ба ӯ номаи таъсирбахше нависед, ин хуб аст. Пас аз ин, шумо масъули рафтору амалҳои ӯ нестед, зеро шумо воҷиби бар дӯши худ бударо адо намудаед.

Шайх Муҳаммад Ад-Дувайш

Ба суханони Аллоҳ таъоло фармонбардор бошед, ки Ӯ фармудааст:

 وَإِذَا خَاطَبَهُمُ الْجَاهِلُونَ قَالُوا سَلَامًا       سورة الفرقان: ٦٣ 

«Ва ҳангоме ки ҷоҳилон ононро хитоб кунанд, салом (ба некӣ сухан) мегӯянд».   (Сураи Фурқон: 63).

Ӯ боз фармудааст:

 ادْفَعْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ فَإِذَا الَّذِي بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَأَنَّهُ وَلِيٌّ حَمِيمٌ                سورة فصلت: ٣٤ 

«Бо некӯтарин шева посух бидеҳ, (агар чунин кунӣ) он касе, ки миёни ту ва миёни ӯ душманӣ аст, ҳамчун дӯсти самимӣ гардад».   (Сураи Фуссилат: 34).

Бидонед, беҳтарин посух ба ӯ ин аст, ки агар ӯ дар ҳаққи шумо Аллоҳро нофармонӣ кунад, шумо дар ҳаққи ӯ аз Аллоҳ битарсед.

     Аллоҳ ҳидояткунанда ба роҳи рост аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид