Панҷшанбе 18 Рамазон 1445 - 28 Март 2024
Тоҷикӣ

Воҷиб будани вафо ба ваъда ва назр

32719

Таърихи нашр : 03-05-2020

Мушоҳидаҳо : 1799

Савол

Ман ба баъзе корҳои тиҷоратӣ машғул шуда ваъда кардам, ки аз фоидаи он маблағи муайянеро дар роҳи Аллоҳ таъоло садақа мекунам.

Саволам чунин аст, ки оё метавонам ин маблағро дар хонадор кардани бародарам ва писарҳои амакам ва ё хешовандонам, ки ҳолати моддияшон хуб нест, сарф кунам? Оё воҷиб аст, ки ононро огоҳ кунам, ки ин садақа аст? Оё аз он садақа ба хеши муҳтоҷам дода метавонам? Агарчӣ аз ҷумлаи шахсоне бошад, ки дар издивоҷ намуданашон байни ҳам фахр мекунанд ва бо вуҷуди муҳтоҷ буданашон ба исрофкорӣ даст мезананд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бароят воҷиб аст, ки бар ваъдаи худ вафо кунӣ ва он маблағи муайянкардаатро дар роҳи Аллоҳ таъоло садақа намо. Агар ҷойи муайянеро ният карда бошӣ ва ё зикр карда бошӣ, воҷиб аст, ки ин молро ба онҷо сарф кунӣ на ғайри он. Агар ҷиҳати муайянеро ният ва ё зикр накарда бошӣ, дар ин ҳолат ихтиёр дорӣ, ки дар кадом кори хайре, ки бошад, онро сарф кунӣ.

Дар фатвои кумитаи доимӣ омадааст:

"Дар асл агар ҳамон чизи назр кардашуда мувофиқи шариат бошад, дар ҳамон ҷойе, ки назркунанда муайян кардааст, сарф карда мешавад. Агар ҷиҳати махсусеро муайян накарда бошад, дар ин ҳолат он садақае аз садақаҳост, ки дар ҷойҳое, ки садақа дар он сарф мешавад, ин ҳам дар онҷо сарф мешавад, ба монанди фақирону мискинон ..." Поёни сухан

"Фатово исломия" (3/485).

Ба бародару писарамакҳои эҳтиёҷмандат садақа намудан аз амалҳои хайр ба шумор меравад. Балки садақа намудан ба хешовандони эҳтиёҷманд афзалтар аст, нисбат ба садақа намудан ба ғайри онҳо.

Бухорӣ (1461) ва Муслим (998) аз Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки гуфтааст: Аз ансориҳои Мадина аз ҳама зиёд Абуталҳа дарахти хурмо дошт. Байруҳо (номи боғ) аз маҳбубтарин молҳояш буд ва он дар рӯбарӯи масҷид қарор дошт. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дохили ин боғ шуда аз оби гуворои он менӯшид. Вақте ки ин оят нозил шуд: "Ҳаргиз ба некӯкорӣ намерасед, то он даме ки аз он чӣ дӯст медоред, нафақа кунед". Абуталҳа назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омада гуфт: Эй расулуллоҳ! Аллоҳ таъоло фармудааст: "Ҳаргиз ба некӯкорӣ намерасед, то он даме ки аз он чӣ дӯст медоред, нафақа кунед". Ҳароина маҳбубтарини молҳои ман Байруҳо аст ва ман онро дар роҳи Аллоҳ садақа намудам. Ман некӣ ва захира намудани онро дар назди Аллоҳ умед мекунам. Эй расулуллоҳ! Ҳар ҷое, ки Аллоҳ бароят нишон додааст, дар онҷо сарф кун. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Офарин. Ин аст моли фоиданок. Ин аст моли фоиданок. Он чиро, ки гуфтӣ, шунидам. Назари ман ин аст, ки онро байни хешовандонат тақсим кунӣ. Абуталҳа гуфт: Эй расулуллоҳ! Ҳамин корро мекунам. Сипас Абуталҳа онро байни хешовандон ва писарамакҳояш тақсим намуд.

Садақа намудан бар хешовандон ҳам садақа ва ҳам силаи раҳм ба шумор меравад. Барои маълумоти бештар ба саволи рақами (21810) ва (20173) нигар.

Зарур нест, ки дар бораи садақа ё назр будани он ба онҳо хабар диҳӣ. Барои маълумоти бештар дар ин бора ба саволи рақами (33777) нигар.

Вале садақаро ба шахсе, ки онро дар роҳи нофармонии Аллоҳ таъоло сарф мекунад, ё ба шахсе, ки ба исрофкориву фахр намудан, машҳур гаштааст, надеҳ.

Зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ

  المائدة /2.

"Дар некӯкориву парҳезгорӣ ҳамдигарро кӯмак кунед. Дар гуноҳу таҷовуз ҳамдигарро кӯмак накунед".   (Сураи Моида: 2).

Ба ҷойи ба дасташон пул додан метавонӣ, ки фаҳмӣ, ки онҳо ба чӣ эхтиёҷ доранд. Онро барояшон харида медиҳӣ. Бо ин роҳ осуда хоҳӣ шуд, ки садақаат дар ҷойи дуруст воқеъ шудааст.

         Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб