Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Чи гуна шаби қадрро зиндадорӣ кунем ва кадом шаб, шаби қадр мебошад?

Савол

Чи гуна шаби қадрро бояд шабзиндадорӣ кард? Бо намозхонӣ ё бо қироати Қуръон, хондани зиндагиномаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), панду насиҳат ва ҷашнгирии шаби қадр дар масҷид?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи охири Рамазон чунон ба намозу дуову қироати Қуръон машғул мешуд ва дар ибодат саъю талош мекард, ки дар шабҳои дигар чунин талош бар ин дараҷа дида намешуд. Бухорӣ ва Муслим аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чун даҳаи охири Рамазон дарояд, шабзиндадорӣ мекард, аҳли хонаводаашонро низ бедор менамуд ва изорашро мебаст. (Яъне аз ҳамбистарӣ бо ҳамсарон худдорӣ мекард).

Дар ривояти Аҳмад ва Муслим омадааст: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи охири Рамазон чунон саъю талош мекард, ки дар ғайри он чунин саъю талош бар ин дараҷа дида намешуд".

Дуввум:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) барои бо имону талаби савоб барпо доштани шаби қадр тарғибу ташвиқ намудааст. Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Касе, ки шаби қадрро аз рӯи имон ва талаби савоб шабзиндадорӣ кунад, гуноҳони пешинаи ӯ бахшида мешавад".   Муттафақун алайҳ (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Ин ҳадис ба машрӯъ будани шабзиндадории шаби қадр бо намоз далолат мекунад.

Саввум:

Аз афзалтарин дуоҳое, ки дар шаби қадр гуфта мешавад, дуоест ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омӯхтааст. Тирмизӣ аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят намуда, онро саҳеҳ донистааст, ки Оиша гуфтааст: Гуфтам: Эй расулуллоҳ! Агар бидонам, ки дар шаби қадр қарор дорам, чӣ бигӯям? Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Бигӯ:

 اللَّهُمَّ إِنَّكَ عَفُوٌّ تُحِبُّ الْعَفْوَ، فَاعْفُ عَنِّي 

"Аллоҳумма иннака афуввун туҳиббу-л-ъафва фаъфу ъаннӣ".

(Эй Аллоҳ, албатта Ту бисёр афвкунандаву бахшояндаӣ, бахшишро дӯст медорӣ, пас маро бубахш).

Чаҳорум:

Аммо хос намудани шабе аз Рамазон, ки яқинан он шаби қадр аст, ба далел ниёз дорад. Вале шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон эҳтимоли бештар доранд, ки шаби қадр дар он шабҳо қарор дошта бошад ва шаби бисту ҳафтум эҳтимоли бештар дорад, ки шаби қадр бошад. Зеро дар ин бора ҳадисҳое ворид шудааст, ки ба он чи зикр кардем, далолат мекунад.

Панҷум:

Аммо бидъатҳо на дар Рамазон ва на дар дигар моҳҳо ҷоиз нест. Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки фармудааст:

"Ҳар кас дар дини мо чизеро ки дар он нест, пайдо кунад, пас он радшуда аст". 

Дар ривояти дигар омадааст: "Ҳар кас амале анҷом бидиҳад, ки амри мо бар он нест, пас он амал радшуда аст".

Аз ин хотир, он корҳое, ки баъзе шахсон дар баъзе шабҳои Рамазон анҷом медиҳанд, ба монанди ҷашнгириҳои мухталиф, ҳеҷ асосе надорад. Беҳтарин равиш, равиши Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст ва бадтарин амалҳо дар дин, ин навпайдошудаҳо (бидъатҳо) аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доима ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто (10/413).