Якшанбе 11 Зулқаъда 1445 - 19 Май 2024
Тоҷикӣ

Ақсом ва намудҳои тавассул

Савол

Ақсом ва намудҳои тавассул кадомҳоянд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мурод аз тавассул ва васила чаҳор чиз аст:

Аввал: Имон бе он комил намешавад, ки он тавассул ба Аллоҳ бо имон ба Ӯ ва паёмбараш ва фармонбардории Ӯ ва паёмбараш аст. Ин ҳамон чизест, ки дар ояти зерин омадааст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللهَ وَابْتَغُوا إِلَيْهِ الْوَسِيلَة

سورة المائدة: ٣٥

«Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед ва ба сӯи Ӯ васила биҷӯед».   (Сураи Моида: 35).

Тавассул ба Аллоҳ бо номҳову сифатонаш ва тавассул ба Ӯ бо тоату ибодатҳое, ки тавассулкунанда анҷом додааст ва Аллоҳро бо воситаи он дуо мекунад ва монанди он, ба ин қисм дохил мешавад.

Дуввум: Тавассул ба сӯи Аллоҳ бо дархости дуо аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳангоми зиндагии Ӯ ва ҳамчунин дархости дуои мӯъминон аз ҳамдигар мебошад. Ин қисм тобеи қисми аввал буда, ба он тарғибу ташвиқ карда шудааст.

Саввум: Тавассул ба ҷоҳ ва зоти махлуқ, мисли ин ки бигӯяд: Эй Аллоҳ! Ман ба ҷоҳи паёмбарат ё калимаҳое монанди ин, ба Ту тавассул мекунам. Ин гуна тавассулро баъзе аз донишмандон ҷоиз донистаанд, вале ин дидгоҳ заиф мебошад. Дидгоҳи саҳеҳ ин аст, ки ин гуна тавассул қатъан ҳаром аст, зеро дар дуо танҳо бо номҳову сифатони Аллоҳ тавассул карда мешавад.

 Чаҳорум: Тавассул дар урфи бисёре аз мутааххирон ин дуои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ёрӣ талабидан аз ӯ (ва ёрӣ талабидан аз мурдагон ва авлиё) аст. Ин гуна тавассул ширки акбар аст, зеро дуо ва ёрӣ талабидан дар корҳое, ки танҳо Аллоҳ қодири он аст, ибодат мебошад, ки анҷом додани он барои ғайри Аллоҳ ширки акбар аст.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид