Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Оё зани беҳиҷоб ба дӯзах медарояд?

7436

Таърихи нашр : 26-05-2021

Мушоҳидаҳо : 3047

Савол

Агар ҷавондухтар ҳиҷоб напӯшад, оё ҷои ӯ дӯзах мебошад? Агар ӯ мунтазам намозро баҷой оварад ва Қуръон бихонад, боодобона рафтор намояд, ба писарон нигоҳ накунад, ба ғайбату суханчинӣ ва дигар гуноҳон машғул нашавад, оё беҳиҷобӣ бо вуҷуди ҳамаи ин сифатҳои некаш, ӯро сазовори дӯзах мегардонад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Нахуст бояд донист, ки бар ҳар як марду зани  мусулмон итоати тамоми фармонҳои Аллоҳу расулаш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) воҷиб аст, гарчанде ки бар нафсаш душвору машаққат бошад, (дар вақти амал намудан ба гуфтаҳои шариат) набояд аз мардум хиҷолат кашид. Воқеан мӯъмини содиқ дар имони хеш, касест ки дар анҷом додани тоати Парвардигораш, итоати фармонҳояш ва дурӣ аз манъкардаҳояш содиқу самимӣ аст. Ҳеҷ мӯъмину мӯъмина ҳақ надорад, ки нисбати амри Аллоҳ таъхир ё тараддуду дудилагӣ кунад, балки мутобиқи ояти зерин фавран бишнаваду итоат кунад, ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَنْ يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ    الأحزاب/36

«Барои ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъмина шоиста нест, ки чун Аллоҳ ва паёмбараш дар коре ҳукме карданд, онҳоро дар он корашон ихтиёре бошад».   (Сураи Аҳзоб: 36).

Ин одати мӯъминон аст, ки Парвардигорашон ононро дар ояти зерин ситоиш намудааст:

 إِنَّمَا كَانَ قَوْلَ الْمُؤْمِنِينَ إِذَا دُعُوا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ لِيَحْكُمَ بَيْنَهُمْ أَنْ يَقُولُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ ، وَمَن يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَخْشَ اللَّهَ وَيَتَّقْهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ         سورة النور/ 51 – 52.

«Сухани мӯъминон чун ба сӯи Аллоҳ ва расулаш хонда шаванд, то миёни онҳо ҳукм кунад, танҳо ин аст, ки мегӯянд: "Шунидем ва фармонбардорӣ кардем". Ва ин гурӯҳ растагоронанд. Ва ҳар ки Аллоҳу расулашро фармонбардорӣ кунад ва аз Аллоҳ битарсад ва аз азоби Ӯ ҳазар кунад, ин гурӯҳ комёбанд».   (Сураи Нур: 51-52).

Шахси мусулмон набояд ба кӯчак ё бузург будани гуноҳ назар кунад, балки ӯ бояд ба бузургии зоте ки Ӯро нофармонӣ карда истодааст, назар намояд. (Зоте ки Ӯро нофармонӣ карда истодааст) Аллоҳ таъоло аст, Ӯ бузургу баландмартаба аст, Ӯ бисёр нерӯманду сахтуқубат аст, Ӯ сахтҷазо аст, муҷозоти Ӯ дарднок аст, азоби Ӯ хоркунандаест. Ҳар гоҳ Аллоҳ таъоло аз бандаи саркашу нофармон интиқом бигирад, он банда ба ҳалокат гирифтор хоҳад шуд. Аллоҳ таъоло мефармояд:

 وَكَذَٰلِكَ أَخْذُ رَبِّكَ إِذَا أَخَذَ الْقُرَىٰ وَهِيَ ظَالِمَةٌ إِنَّ أَخْذَهُ أَلِيمٌ شَدِيدٌ ، إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِّمَنْ خَافَ عَذَابَ الْآخِرَةِ ذَٰلِكَ يَوْمٌ مَّجْمُوعٌ لَّهُ النَّاسُ وَذَٰلِكَ يَوْمٌ مَّشْهُودٌ           سورة هود/102-103.

«Ва чунин аст ба азоб гирифтор кардани Парвардигори ту, чун деҳаҳоро ба азоб гирифтор кунад ва онҳо ситамкор бошанд. Ҳамоно ба азоб гирифтан (ва муҷозоти) Ӯ дардноку сахт аст. Ба дурустӣ, ки дар он барои касе, ки аз азоби охират метарсад, ибрат аст. Он (рӯз) рӯзест, ки мардумон дар он рӯз ҷамъ карда шаванд ва он (рӯз) рӯзест, ки ҳама дар он ҳозир шаванд».   (Сураи Ҳуд: 102-103).

Гоҳо дар назари банда гуноҳ кӯчаку хурд метобад, аммо он дар назди Аллоҳ бузург аст. Чуноне ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَتَحْسَبُونَهُ هَيِّنًا وَهُوَ عِندَ اللهِ عَظِيمٌ    سورة نور/15.

«Ва онро осон (ва кӯчак) мепиндоштед, дар ҳоле ки он назди Аллоҳ хеле бузург аст».   (Сураи Нур: 15).

Дар ин бобат яке аз донишмандон гуфтааст: "Ба кӯчакии гуноҳ назар макун, вале ба бузургии зоте, ки Ӯро нофармонӣ кардӣ, назар намо".

Итоати Аллоҳ таъоло, анҷом додани фармонҳои Ӯ, муроқабати Ӯ дар ошкору ниҳон ва дурӣ аз наҳй ва манъи Ӯ бар мо воҷиб аст.

Аммо аз нигоҳи ақида, агар аз мусулмони намозхон баъзе гуноҳону хатоҳо содир шавад, бар Ислом боқӣ мемонад, то он даме ки ягон амали хориҷкунанда аз динро муртакиб нашавад ва дар ноқизе аз навоқизи (шиканандаҳои) Ислом воқеъ нагардад. Ин мусулмони гунаҳгор дар охират дар зери машиату иродаи Аллоҳ аст. Аллоҳ агар бихоҳад, ӯро ба азоб гирифтор мекунад ва агар бихоҳад, ӯро мағфират менамояд. Агарчи ӯ дар охират ба дӯзах ҳам дарояд, дар онҷо абадӣ боқӣ намемонад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба ҷойгоҳи ӯ ҷазм намояд, яъне ба азоб гирифтор шудан ё нашудани ӯро муайян кунад, зеро ин амрест, ки марҷаъ ва илми он дар назди Аллоҳ таъоло мебошад.

Гуноҳ дар навбати худ ба ду қисм тақсим мешавад: Сағира ва кабира (яъне гуноҳи хурд ва бузург). Гуноҳи сағира ба сабаби намоз, рӯза ва дигар амалҳои солеҳ маҳв мегардад. Аммо (оиди гуноҳи кабира таҳдиди махсус ворид шудааст, ё ҳадду ҷазо дар дунё пешбинӣ шудааст, ё азоби сахте дар охират омода шудааст). Гуноҳи кабираро амалҳои солеҳ маҳв карда наметавонад, балки шахси ба гуноҳи кабира мубталошуда бояд тавбаи насӯҳ (яъне тавбаи ҳақиқӣ) намояд. Касе ки тавба кунад, Аллоҳ таъоло тавбаи ӯро мепазирад. Гуноҳони кабира намудҳои гуногун дорад, аз ҷумла дурӯғгӯӣ, зинокорӣ, рибохӯрӣ, дуздӣ, беҳиҷобӣ ва амсоли инҳо.

Чи тавре ки қайд кардем, наметавонем ҷазм намоем, ки зани беҳиҷоб вориди дӯзах мешавад, вале ӯ сазовори азобу шиканҷаи Аллоҳ аст, зеро ӯ фармони Аллоҳро саркашӣ кардаст. Аммо ҷойгоҳи ӯро танҳо Аллоҳ медонад. Барои мо дуруст нест, ки оиди чизҳое ки намедонем, сухан гӯем.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ إِنَّ السَّمْعَ وَالْبَصَرَ وَالْفُؤَادَ كُلُّ أُولَٰئِكَ كَانَ عَنْهُ مَسْئُولًا    سورة الإسراء/36.

«Ва дунболи чизе марав, ки туро дониши он нест. Ба дурустӣ ки гӯшу чашму дил, ҳар яке аз инҳо аз он пурсида хоҳанд шуд».   (Сураи Исро: 36).  

Барои  мусулмони зиндадил кофист, ки аз амале бигурезад, ки агар онро анҷом бидиҳад, ба азобу уқубати Парвардигор гирифтор мешавад, зеро уқубату муҷозоти Ӯ сахт, азоби Ӯ дарднок ва оташи ҷаҳаннами Ӯ бениҳоят сӯзон аст. «(Он) оташи афрӯхташудаи Аллоҳ аст, ки бар дилҳо ғолиб шавад».   (Сураи Ҳумаза: 6-7).

Дар акси ҳол, зане ки ба дастуроти Парвардигораш итоаткор бошад ва инчунин ҳиҷоби исломиро риоя кунад, мо барояш ҷаннат, вуруди он ва аз дӯзаху азоби он наҷот ёфтанро умедворем. 

Воқеан ҳолати зане ки сифатони некӯ дошта бошад, намоз хонад, рӯза дорад, ба писарон нигоҳ накунад ва аз ғайбату суханчинӣ дурӣ варзаду, аммо ҳиҷоби шаръиро риоя нанамояд, аҷоиб аст. Касе ки воқеан ин амалҳои солеҳи хубро анҷом медиҳад, ин нишонаи бузургест бар муҳаббати хайр ва нафрат варзидан аз бадӣ. Сипас фаромӯш накунем, ки намоз инсонро аз фаҳшову манкар бозмедорад. Некӣ некии дигареро меоварад. Касе ки дар нафси худ аз Аллоҳ таъоло битарсад, Аллоҳ ба ӯ тавфиқ медиҳад ва ба ӯ кӯмак менамояд. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин хоҳари мусулмон хайри зиёд дида мешавад ва ӯ ба роҳи истиқомату собитқадамӣ наздик аст. Аз ин рӯ, бар пӯшидани ҳиҷоб, ки Парвардигораш ба он амр кардааст, кӯшиш намояд ва ҳар гуна шакку шубҳаҳоро (аз дилаш) дур кунад ва ба фишорҳои хонаводааш муқовамат нишон диҳад ва ба суханони мардум ва ба танқиду эроди айбҷӯёну танқидгарон таслим нашавад. Аз тақлиди занони саркашу гунаҳкор, ки мехоҳанд худро мувофиқи муд зинат бидиҳанд, дурӣ ҷӯяд. Ба ҳавову ҳаваси нафс, ки ӯро ба зоҳир намудани зинат ва ифтихор бо он даъват менамояд, муқовамат нишон диҳад. Ӯ бояд ба чизҳое, ки ӯро муҳофизату ҳимоя мекунад, пойбанд бошад ва баландмартаба бошад, ба монанди матое набошад, ки аз он ҳар як бадхоҳе ки меояду меравад, лаззат барад. Набояд бандагони Аллоҳро ба фитна гирифтор намояд. Мо ба имону муҳаббати ӯ ба Аллоҳу паёмбараш муроҷиат мекунем ва аз ӯ хоҳиш менамоем, ки ҳиҷобро ки Аллоҳ ба он амр кардааст, риоя намояд ва фармони Аллоҳро итоат кунад, ки Ӯ фармудааст:

وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ   النور/31

«Ва ороиши худро ошкоро накунанд».   (Сураи Нур: 31).

Инчунин ин фармони Аллоҳро итоат кунад, ки Ӯ фармудааст:

وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِيَّةِ الْأُولَى وَأَقِمْنَ الصَّلَاةَ وَآتِينَ الزَّكَاةَ وَأَطِعْنَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ    سورة الأحزاب:33

«Ва ҳамчун ҷоҳилияти пешин зинатҳои худро ошкор накунед ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва Аллоҳу паёмбарашро итоат кунед».    (Сураи Аҳзоб: 33).

(Яъне: Ба монанди занони замони ҷоҳилият дар миёни мардум зоҳир нашавед ва худнамоӣ накунед ва қисмате аз бадани худро намоён карда, бо зару зевар ороста, ба назди мардони бегона набароед ва намозро дар вақтҳояш барпо доред ва закотро бидиҳед ва Аллоҳу паёмбарашро итоат кунед).

Аллоҳ тавфиқдиҳанда ва ҳидоятгар ба роҳи рост аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид