Панҷшанбе 18 Рамазон 1445 - 28 Март 2024
Тоҷикӣ

Ҳадиси "Беҳтарини номҳо онест, ки бандагиро барои Аллоҳ ифода кунад ва аз номи Муҳаммад таркиб ёфта бошад" саҳеҳ нест.

72249

Таърихи нашр : 12-06-2020

Мушоҳидаҳо : 2172

Савол

Ҳадиси "Беҳтарини номҳо онест, ки аз номи Муҳаммад таркиб ёфта бошад ва бандагиро барои Аллоҳ ифода кунад" то чӣ андоза дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин ҳадис саҳеҳ намебошад ва ҳеҷ асосе надорад.

Аҷлунӣ дар китоби "Кашфу-л-хафо" (1/468) гуфтааст: "Беҳтарини номҳо онест, ки аз номи Муҳаммад таркиб ёфта бошад ва бандагиро барои Аллоҳ ифода кунад". Наҷм гуфтааст: Ин ҳадис маъруф нест, яъне асос надорад.

Инчунин бо лафзи зерин зикр шудааст: "Маҳбубтарини номҳо дар назди Аллоҳ онест, ки бандагиро барои Аллоҳ ифода кунад ва аз номи Муҳаммад таркиб ёфта бошад". Суютӣ гуфтааст: Ман ин ҳадисро наёфтам. Поёни сухан бо каме тағйирот.

Дар китоби "Мақосиду-л-ҳасана", саҳ: 87 омадааст:

Аммо он ривояте, ки вирди забонҳост: "Беҳтарини номҳо онест, ки аз номи Муҳаммад таркиб ёфта бошад ва бандагиро барои Аллоҳ ифода кунад". Ман онро намедонам. Поёни сухан.

Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Маҳбубтарини номҳо дар назди Аллоҳ онест, ки бандагиро барои Аллоҳ ифода кунад ва аз номи Муҳаммад таркиб ёфта бошад". Ин ҳадис асосе надорад, чигунае, ки Суютӣ ва дигарон баён кардаанд. Поёни иқтибос аз китоби "Ас-силсилату-з-заифа" (1/595), рақами ҳадис 411.

Дар фазилати номҳое, ки бандагиро барои Аллоҳ ифода менамояд ва номгузорӣ бо номи Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон ҳадиси саҳеҳ собит шудааст, ки Муслим (2132) аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Маҳбубтарин номҳо дар назди Аллоҳ таъоло Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст".

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб