Шанбе 14 Муҳаррам 1446 - 20 Июл 2024
Тоҷикӣ

Ақсоми рӯза аз нигоҳи ҳукми таклифӣ

Савол

Ақсоми рӯза аз нигоҳи ҳукми таклифӣ кадомҳоянд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аҳкоми таклифӣ панҷтоанд: Воҷиб, ҳаром, мустаҳаб, макруҳ ва мубоҳ. Ин аҳкоми панҷгона рӯзаро низ фаро мегиранд. Мо ҳама чизеро, ки зери ҳар яке аз ин ҳукмҳост, ба таври комил зикр намекунем, балки он чизе ки бароямон муяссар мешавад, зикр хоҳем кард.

Аввал: Рӯзаи воҷиб:

1.  Рӯзаи Рамазон.

2.  Қазои рӯзаи Рамазон.

3.  Рӯзаи каффорот (каффорати куштори иштибоҳӣ, каффорати зиҳор, каффорати ҳамбистарӣ дар рӯзи Рамазон ва каффорати қасам).

4.  Рӯзаи шахси мутаматтеъ дар ҳаҷ агар ҳадй наёбад. (Ҳадй: Гӯсфанд ё гов ё шутуре, ки ҳоҷиён дар Макка қурбонӣ менамоянд).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

فَمَنْ تَمَتَّعَ بِالْعُمْرَةِ إِلَى الْحَجِّ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْيِ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلاثَةِ أَيَّامٍ فِي الْحَجِّ وَسَبْعَةٍ إِذَا رَجَعْتُمْ

سورة البقرة: ١٩٦

«Пас ҳар кас аз умра баҳраманд гардад, сипас ҳаҷро оғоз намояд, ҳар он чи муяссар шуд, қурбонӣ кунад. Ва ҳар кас (қурбонӣ) наёбад, се рӯз дар ҳаҷ ва ҳафт рӯз чун аз ҳаҷ бозгардед, рӯза бигирад».   (Сураи Бақара: 196).

5.  Рӯзаи назр.

Дуввум: Рӯзаи мустаҳаб:

1.  Рӯзаи рӯзи Ошӯро.

2.  Рӯзаи рӯзи Арафа.

3.  Рӯзаи рӯзи душанбе ва панчшанбе ҳар ҳафта.

4.  Се рӯз рӯза гирифтан дар ҳар моҳ.

5.  Рӯзаи шаш рӯзи моҳи Шаввол. 

6.  Рӯза гирифтани бештари рӯзҳои моҳи Шаъбон.

7.  Рӯзаи моҳи Муҳаррам.

8.  Як рӯз рӯза гирифтан ва як рӯз рӯза нагирифтан, ки ин афзалтарин рӯза ба ҳисоб меравад.

Ҳамаи ин гуфтаҳо дар ҳадисҳои ҳасан ва саҳеҳ собит шудаанд, ки ҳамаи онҳо дар сомонаи мо дастрасанд.

Саввум: Рӯзаи макрӯҳ:

1. Танҳо дар рӯзи ҷумъа рӯза гирифтан.

Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Дар рӯзи ҷумъа рӯза нагиред, магар ин ки як рӯз пеш аз он ва ё як рӯз баъди он ҳам рӯза бигиред».   Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

2. Танҳо дар рӯзи шанбе рӯза гирифтан.

Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Дар рӯзи шанбе рӯза нагиред, магар ин ки он рӯзае бошад, ки Аллоҳ ба шумо фарз кардааст, (ба монанди рӯзаи Рамазон, назр, каффорат ва қазо). Агар (барои хӯрдан) чизе наёфтед, магар пӯсти дарахти ангур ва шохаи дарахт, (пас онро бихӯред ва рӯза нагиред)».   Тирмизӣ (744) ин ҳадисро ривоят карда, онро ҳасан донистааст. Ҳамчунин Абудовуд (2421) ва Ибни Моҷа (1726) ин ҳадисро ривоят кардаанд. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ирвоу-л-ғалил" (960) саҳеҳ донистааст.

Тирмизӣ гуфтааст: "Маънои макруҳ будани он ин аст, ки мард набояд махсус дар рӯзи шанбе рӯза бигирад, зеро яҳуд рӯзи шанберо гиромӣ медоранд". Поёни сухан.

Чаҳорум: Рӯзаҳои ҳаром:

1. Рӯза гирифтан дар рӯзи Иди Фитр, иди Қурбон ва рӯзҳои ташриқ, ки он се рӯз пас аз иди Қурбон мебошад.

2. Рӯза гирифтан дар рӯзи шак.

Рӯзи шак сиюми моҳи Шаъбон аст, дар ҳолате, ки барои дидани моҳи нав дар осмон монеае вуҷуд дошта бошад. Аммо агар осмон соф бошад, шакку шубҳа бартараф мегардад.

3. Рӯзаи зани ҳайзшуда ва нифосдида.

Панҷум: Рӯзаи мубоҳ:

Рӯзаест, ки ба яке аз чаҳор қисми дар боло зикршуда дохил нашавад.

Манзур аз мубоҳ будани он дар инҷо ин аст, ки ба рӯза гирифтани он рӯз дастуре ва ё наҳйе ворид нашудааст, ба монанди рӯза дар рӯзи сешанбе ва чоршанбе, гарчанде ки рӯзаи нофила дар асл ибодати мустаҳаб ҳам бошад.

Ниг: "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия" (28/10-19) ва "Ашшарҳу-л-мумтиъ" (6/457-483).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб