Шанбе 11 Шаввол 1445 - 20 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Ба навзод Абубакр ном гузоштан

6239

Таърихи нашр : 14-08-2020

Мушоҳидаҳо : 2360

Савол

Шавҳарам араб ва ман амрикоӣ ҳастам. Мо фарзанди аввалини худро интизор ҳастем, шукри Аллоҳ. Агар навзод писар бошад, шавҳарам мехоҳад, ки ӯро Абубакр ном гузорад. Ман эҳсос мекунам, ки ин ном хеле зебо аст. Ман забони Арабиро хуб намедонам, вале фаҳмидам, ки маънои калимаи Абу "падар" аст. Масалан Абунуҳ, яъне падари Нуҳ аст. Агар номи фарзандамонро Абубакр гузорем, оё ин маънои онро дорад, ки ӯ падари фарзандест бо он ном. Оё он саҳобаи бузург ғайри номи "Абубакр" ва "Сиддиқ" номҳои дигаре ҳам дошт? Оё ин ном барои кӯдак муносиб аст? Лутфан нодонии маро бубахшед. Илова бар ин, бо сабаби он ки ман амрикоӣ ҳастам, садои ин ном ба ман таъсир мерасонад, вале ин аз умурест, ки онро бартараф кардан мумкин аст. Ман мехоҳам кореро анҷом диҳам, ки аз он Аллоҳ таъоло ва паёмбари Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) розӣ бошанд. Ҳамчунин мехоҳам, ки шавҳарамро хушбахт намоям ва намехоҳам, ки ба сабаби ин амал мушкилоте эҷод шавад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Номи Абубакри сиддиқ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Амри Қурайшӣ аст. Кунияи падараш Абуқуҳофа мебошад.

Куния: Чизест, ки бо лафзи "Аб" (падар) ё "Ум" (модар) оғоз мешавад. Одатан номи писари бузург дар куния гузошта мешавад. Мумкин аст, ки фақат як лақаб бошад, ба монанди "Абубакр", чуноне ки дар савол зикр шуд. Зеро ӯ ягон фарзанде бо номи Бакр надошт.

Мумкин аст, ки сабаби хосси он мард бошад, ба монанди кунияи "Абуҳурайра" (падари гурбача). Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ ин кунияро гузошт, чунки ӯ зиёд гурбаро мебардошт.

Инчунин мисли он "Абутуроб" (падари хок), ин кунияи Алӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) мебошад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме, ки пушт ва китфони ӯро пур аз хоку ғубор дид, ба ӯ ин кунияро гузошт.

Аз ин хотир ба навзод кунияи "Абубакр" гузоштан бо назардошти ин ном ҳамчун лақаб мамнӯъ нест.

Маълум аст, ки номи Абубакр "Абдуллоҳ" аст. Аммо дар мавриди ин, ки номи ӯ "Атиқ" аст, дидгоҳи саҳеҳ ин аст, ки ин аз сифатони ӯ ба ҳисоб меравад, на аз номҳояш. "Ал-Истиъоб"-и Ибни Абдулбарр (8/963), "Ал-Исоба" (4/170-171).

Фарзандони Абубакр инҳоанд: Абдуллоҳ, Абдураҳмон, Муҳаммад, Оиша, Асмо, Умми Кулсум.

Агар шумо ба писаратон Абдуллоҳ ном гузоред, зеро он маҳбубтарин ном дар назди Аллоҳ таъоло аст ва кунияи ӯро Абубакр гузоред, чунки дар ҳадисҳо ворид шудааст, ки ба хурдсолон низ куния гузошта мешавад ва то ин ки маънои мардонагӣ дар нафси ӯ рушд намояд. Ин ҳалли беҳтарин аст. Аллоҳ мову шуморо ба тамоми хайр муваффақ гардонад.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид