Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Дар ин замон, ки рибо паҳн шудааст, пули худро дар куҷо гузорад?

49677

Таърихи нашр : 16-08-2022

Мушоҳидаҳо : 1325

Савол

Дар ин аср, ки масъулиятдорӣ аз байн рафтааст ва бонкҳо аз ҷиҳати рибо шубҳаноканд ва дар ҷои мо бонки исломӣ вуҷуд надорад ва нигоҳ доштани пул дар хона эмин нест. Ман мехоҳам пуламро дар макони ҳалол гузорам, бидуни ин ки муртакиби гуноҳе шавам. Ва ман мехоҳам онро сармоягузорӣ кунам ва закоташро бипардозам, вагарна он харҷ мешавад ва ба ин васила миқдори закот ҳам кам мешавад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Гузоштани пулҳо дар бонкҳои рибавӣ дар воқеъ кӯмак расонидан ба бонк дар муомилаҳои рибавӣ аст, ин дар сурате, ки пул дар бонк бе фоида нигоҳ дошта шавад.

Аммо агар бо фоида нигоҳ дошта шавад, он рибо аст, ки Аллоҳ ва расули Ӯ онро ҳаром кардаанд. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рибохӯр ва рибодиҳандаро лаънат кардааст.

"Рибохӯр" касест, ки рибо мегирад. "Рибодиҳанда" касест, ки рибо медиҳад.

Касе пул дошта бошад ва қасди нигаҳдорӣ ва сармоягузории онро дошта бошад, пас роҳи ҳалолеро ҷӯстуҷӯ бикунад, масалан пулашро ба марди амонатдоре бидиҳад, то бо он пул тиҷорат кунад ва тибқи шартномаашон фоидаро байни худ тақсим намоянд.

Агар василае барои нигоҳдории пул наёбад, ба ҷуз гузоштани он дар бонк, дар ин ҳолат аз боби зарурат ё эҳтиёҷмандӣ ин амал ҳеҷ боке надорад, ба шарте ки он бидуни фоида (ва бе фоиз) бошад.

Аз байни бонкҳо камзарартарину камфасодтарини онҳоро интихоб кунад, ки ба муомилаҳои шаръӣ наздиктар бошад.

Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Гузоштани пул дар бонкҳо бо фоидаи моҳона ё солона рибо аст, ки бо иҷмои донишмандон ҳаром шудааст. Аммо дар мавриди гузоштани пул (дар бонкҳо) бидуни фоида, агар бонк муомилаҳои рибавӣ дошта бошад, ин корро накардан беҳтар аст, магар дар ҳолатҳои зарурӣ, зеро гузоштани пул дар он, агарчи бефоида ҳам бошад, ин кӯмак намудани бонк дар амалҳои рибавиаш мебошад. Бими он аст, ки анҷомдиҳандаи ин кор аз ҷумлаи кӯмаккунандагон дар гуноҳу таҷовуз ҳисобида шавад, гарчанде ки ӯ ин корро нахоҳад ҳам.

Аз ин рӯ, мо бояд аз чизҳое, ки Аллоҳ ҳаром кардааст, барҳазар бошем ва барои нигоҳ доштан ва сарф кардани пулҳо роҳҳои дурустро ҷустуҷӯ кунем.

Аллоҳ таъоло мусулмононро ба анҷом додани корҳое, ки мӯҷиби хушбахтӣ, арҷмандӣ ва растагории онҳост, муваффақ намояд ва онҳоро дар зудтарин фурсат барои пайдо кардани бонкҳои исломӣ, ки аз муомилаҳои рибавӣ холӣ аст, муяссар намояд. Ӯ валӣ ва қодиру тавоно бар он аст. Дуруду паёми Аллоҳ паёмбарамон Муҳаммад ва ба олу асҳоби ӯ бод.

"Фатово"-и Ибни Боз (4/30, 311).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб