Панҷшанбе 9 Шаввол 1445 - 18 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Савоби эътикоф

Савол

Савоби эътикоф чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Эътикоф машрӯъ аст. Эътикоф яке аз василаҳои наздикӣ ҷӯстан ба Аллоҳ азза ва ҷалла ба шумор меравад. Лутфан оиди ин масъала ба саволи рақами (48999) нигред.

Пас аз донистани ин, ҳадисҳои зиёде омадааст, ки ба наздикӣ ҷӯстан ба сӯи Аллоҳ таъоло бо ибодатҳои нафлӣ тарғиб менамояд ва ин ҳадисҳо дар шакли умум ҳамаи ибодатҳоро аз ҷумла эътикофро дарбар мегирад.

Аз ҷумлаи ин ҳадисҳо, сухани Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ҳадиси қудсӣ аст, ки фармудааст:

"Бандаам бо чизе бештар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, ба Ман наздик нашуд. Бандаам бо ибодатҳои нафлӣ ба Ман наздик мешавад, то ин ки ӯро дӯст дорам. Ҳар гоҳ ӯро дӯст доштам, шунавоии ӯ мешавам, ки бо он мешунавад, биноияш мешавам, ки бо он мебинад, дасташ мешавам, ки бо он мегирад ва пояш мешавам, ки бо он роҳ меравад. Агар аз Ман (чизе) талаб кунад, ҳатман ба ӯ медиҳам ва агар ба Ман паноҳ барад, ҳатман ӯро паноҳ медиҳам".   Ривояти Бухорӣ (6502).

Дуввум:

Ҳадисҳо дар фазилати эътикоф ва баёни савоби он ворид шудааст, аммо ҳамаи он ҳадисҳо заиф ё бофташуда мебошанд.

Абудовуд мегӯяд: Ба Аҳмад (Аҳмад ибни Ҳанбал) гуфтам, ки оё дар бобати фазилати эътикоф ҳадисе медонӣ? Аҳмад гуфт: На, танҳо ҳадисҳои андакеро медонам, ки заифанд. Поёни сухан аз китоби "Масоилу Абидовуд" (саҳ 96).

Аз ҷумлаи ин ҳадисҳо:

1. Ибни Моҷа (1781) аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳаққи эътикофнишин фармудааст: "Он гуноҳонро боз медорад ва ҳасонот бар ӯ чунон ҷорӣ мегарданд, ба монанди касе, ки ҳама ҳасонотро анҷом додааст".   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Заифу Ибни Моҷа" заиф шуморидааст.

2. Табаронӣ, Ҳоким ва Байҳақӣ ҳадисеро аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардаанд ва Байҳақӣ онро заиф донистааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки як рӯз ба хотири розигии Аллоҳ эътикоф нишинад, Аллоҳ миёни ӯ ва дӯзах се хандақ қарор медиҳад, ки масофаи он аз машриқу мағриб дуртар аст".   Албонӣ ин ҳадисро дар "Силсилату-з-заифа" (5345) заиф хондааст.

3. Дайламӣ аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки аз рӯи имон ва талаби савоб эътикоф нишинад, гуноҳони пешинаи ӯ бахшида мешавад".   Албонӣ ин ҳадисро дар "Заифу-л-ҷомиъ" (5442) ҳадиси заиф номидааст

4. Байҳақӣ ҳадисеро, ки худ заиф меномад, аз Ҳусайн ибни Алӣ (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят намудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки дар Рамазон даҳ  рӯз эътикоф нишинад, савоби ду ҳаҷ ва ду умраро хоҳад гирифт".   Албонӣ ин ҳадисро дар "Ассилсилату-з-заифа" (518) зикр намуда, гуфтааст: Ин ҳадис мавзӯъ ва бофташудааст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб