Сешанбе 7 Шаввол 1445 - 16 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Аҳкоме, ки мусулмонмарду мусулмонзан эҳтиёҷ доранд, оё дар ягон китоб ҷамъоварӣ карда шудаанд?

421120

Таърихи нашр : 16-02-2023

Мушоҳидаҳо : 1010

Савол

Оё ягон китобе вуҷуд дорад, ки тамоми аҳкомеро ки мусулмонмард ба он эҳтиёҷ дорад, гирдоварӣ карда бошад ва ё тамоми аҳкомеро ки мусулмонзан ба он ниёз дорад, ҷамъоварӣ карда бошад?

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Саъю кӯшиш намудан ба талаби илм барои мусулмон мояи ситоишу ифтихор аст


Шубҳае нест, ки саъю кӯшиши шумо ба омӯхтани аҳкоми марбут ба мусулмонмарду мусулмонзан мояи ситоиши шумост. Дониш шарафу фазилат аст. Аллоҳ таъоло мефармояд:

يَرْفَعِ اللَهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنكُمْ وَالَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ دَرَجَاتٍ

سورة المجادلة: ١١

«Бигӯ: Оё касоне, ки медонанд ва касоне, ки намедонанд, баробаранд? Танҳо хирадмандон панд мегиранд».   (Сураи Зумар: 9).
Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар касе дар роҳе биравад, ки дар он талаби илм кунад, Аллоҳ барояш роҳеро ба сӯи биҳишт осон мекунад. Ҳамоно фариштагон болҳои худро аз рӯи розигӣ барои толибилм мегузоранд. Тамоми касоне, ки дар осмонҳову заминанд ва ҳатто моҳиҳо дар даруни об барои олим омурзиш металабанд. Бартарии олим нисбат ба обид ба монанди бартарии моҳи шаби чаҳордаҳ ба дигар ситораҳост. Олимон ворисони паёмбаронанд. Паёмбарон динору дирҳамеро аз худ ирс нагузоштанд, танҳо чизе, ки аз худ ба ирс гузоштаанд, илм аст. Пас касе, ки онро ба даст оварад, баҳраи фаровоне бурдааст».   Ривояти Абудовуд (3641) ва Ибни Моҷа (223).
Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳамоно фариштагон болҳои худро барои толибилм ба хотири ризояте, ки аз кораш доранд, мегузоранд».   Ривояти Аҳмад дар "Муснад" (9/30).

Дуввум:

Китобҳое, ки аҳкомеро ки барои мусулмонмарду мусулмонзан муҳим аст, дар бар гирифтааст

Китобҳо дар ин мавзӯъ зиёданд. Баъзе аз он китобҳоро зикр мекунем:
(1). "Минҳоҷу-л-муслим" таълифи Шайх Абубакр Ҷобири Ҷазоирӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).
(2). "Китобу-л-имон" ва "Китобу-л-фиқҳи-л-муяссар" ин ду китобро донишмандони нухба таълиф намудаанд. Маҷмааи Шоҳ Фаҳд барои чопи Қуръони Карим онро нашр кардааст.
(3). Китоби "Ал-Иршоду ило маърифати-л-иътиқод" ва китоби "Ал-Мулаххасу-л-фиқҳӣ" ин ду китоб аз они Аллома Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) мебошад.
(4). Китоби "Фатово аркони-л-ислом"-и Аллома Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).
(5). Китоби "Аддурусу-л-муҳиммату лиъоммати-л-умма"-и Аллома Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод). Ин осонтарини ин китобҳост, метавон бо он оғоз кард. Ин китоб дар шабакаи интернет шарҳҳои зиёде дошта, ба аксари забонҳои зинда тарҷума шудааст.
(6). "Далилу-л-муслими-л-муяссар". Ин китоб ва сомонаест бо якчанд забонҳо, ки таҳти роҳбарии Шайх Аҳмад Солим Баҳаммам қарор дорад.
(7). Китоби "Зоду-л-ъибод". Нашри сомонаи Аддурару-с-санийя.
(8). Китоби "Фиқҳу-л-ъибодот". Ҳамчунин нашри сомонаи Аддурару-с-санийя.
     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб