Панҷшанбе 22 Зулқаъда 1445 - 30 Май 2024
Тоҷикӣ

Агар зане панҷ дақиқа пеш аз шом ҳайз шавад, оё рӯзаашро идома медиҳад?

Савол

Агар одати моҳонаи зан панҷ дақиқа пеш аз азони шом оғоз шавад, оё рӯзаашро комил мекунад ё ин ки рӯзаашро мехӯрад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар ҳайз ҳатто як лаҳза пеш аз ғуруби офтоб оғоз шавад, рӯзаи зан фосид мешавад ва қазои он рӯз бар ӯ воҷиб мегардад.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар "Маҷолису шаҳри Рамазон" саҳ 39 гуфтааст:

Агар ҳайзи зан дар ҳоли рӯза ҳатто як лаҳза пеш аз ғуруби офтоб шурӯъ шавад, рӯзаи он рӯзаш ботил мешавад ва бояд қазои он рӯзро анҷом бидиҳад. Поёни сухан.

Барои зан ҷоиз нест, ки дар ҳоли ҳайз рӯза бигирад. Агар чунин кунад, (яъне дар ҳоли ҳайз рӯза бигирад) рӯзааш дуруст нест.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Муғнӣ" (4/397) гуфтааст:

Ҳар гоҳ зани ҳайзшуда пас аз огаҳӣ аз ҳаром будани рӯза дар вақти ҳайз нияти рӯза кунад ва аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ намояд, гунаҳкор мешавад ва рӯзааш дуруст нест. Поёни сухан.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб