Панҷшанбе 18 Рамазон 1445 - 28 Март 2024
Тоҷикӣ

Закоти фитр аз номи кофирон

Савол

Бисёре аз мардумон дар хонаҳои худ хизматгорони кофир доранд. Оё закоти фитрро аз номи онҳо пардохт мекунад, ё аз закот чизе ба онҳо медиҳад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Закоти фитрро аз номи онҳо пардохт намекунад ва барои ӯ ҷоиз нест, ки аз закот чизе ба онҳо бидиҳад. Агар аз закот чизе ба онҳо бидиҳад, кофӣ (ва дуруст) нест. Аммо ӯ метавонад ба онҳо некӣ кунад, ба ғайр аз закоти фарзӣ (ба онҳо моле бидиҳад). Бояд қайд кард, ки аз онҳо даст бикашем ва танҳо коргарони мусулмонро ба кор бигирем, зеро расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба хориҷ кардани кофирон васият намуда фармудааст: «Ду дин дар онҷо бо ҳамдигар ҷамъ намешаванд».

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто, рақами фатво: (7699).