Панҷшанбе 18 Рамазон 1445 - 28 Март 2024
Тоҷикӣ

Ҳаҷ беҳтар аст ва ё садақа?

Савол

Агар инсон ҳаҷҷи фарзиро қаблан анҷом дода бошад. Оё беҳтар аст, ки дубора ба ҳаҷ биравад ва ҳаҷҷи нофила анҷом бидиҳад ва ё пули онро садақа бикунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Асос он аст, ки ҳаҷҷи нофила аз садақа кардани пуле, ки дар ҳаҷ харҷ мекунад, беҳтар аст, вале гоҳо шароит ва асбобе пеш меояд, ки дар ин ҳолат, садақа додан аз ҳаҷҷи нофила беҳтар мегардад, ба монанди садақа кардан барои ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, даъват ба дини Аллоҳ ва ё ба шахсони сахт ниёзманд, ба хусус агар аз хешовандони ӯ бошанд.

Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Ихтиёрот" (саҳ 206) гуфтааст:

"Ҳаҷ бар ваҷҳи машрӯъ аз садақае, ки воҷиб нест, афзалтар аст, аммо агар хешованди мӯҳтоҷу ниёзманд дошта бошад, пас дар ин ҳолат, садақа додан ба онҳо афзалтар аст. Ҳамчунин агар фақирони ночору дармонда ба нафақаи ӯ ниёз дошта бошанд, пас дар ин ҳолат ҳам садақа додан ба онҳо афзалтар аст. Аммо агар ҳарду (яъне ҳаҷ ва садақа) нофила бошанд, пас дар ин сурат, ҳаҷ афзалтар аст, зеро ҳаҷ ибодати баданӣ ва молӣ мебошад. Хаминтавр қурбонӣ ва ақиқа беҳтар аз садақа додани пули он аст, албатта ин ба шартест, ки шахс дар роҳ воҷиботи диниро адо намояд, муҳаррамот (ҳаромҳо)-ро тарк кунад, намозҳои панҷгонаро бихонад, сухани рост бигӯяд, амонатро адо намояд ва бар касе эътидо ва таҷовуз накунад". Поёни сухан.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Ҳаҷҷу умра барои касе, ки бо ихлос қасди он кунад ва бар ваҷҳи машрӯъ онро анҷом бидиҳад, аз садақа додани пули онҳо беҳтар аст. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадиси саҳеҳе собит шудааст, ки мефармояд:

«Умра то умра каффораи гуноҳонест, ки байни он ду содир мешаванд. Ҳаҷҷи мабрур ҷуз биҳишт дигар подоше надорад».   Ривояти Бухорӣ (1773) ва Муслим (1349).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Умра дар Рамазон баробари як ҳаҷ аст».   Ривояти Бухорӣ (1782) ва Муслим (1256).

Поёни сухан.

Ҳамчунин (Шайх Ибни Боз) гуфтааст:

Ҳар кас ҳаҷҷи фаризаро анҷом дода бошад, барои ӯ беҳтар аст, ки пули ҳаҷҷи дуввумро барои муҷоҳидони роҳи Аллоҳ бубахшад, далели он ин аст, ки ҳангоме ки аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Кадом амал беҳтар аст? Фармуд: «Имон ба Аллоҳ ва расулаш». Пурсиданд: Сипас чӣ коре? Фармуд: «Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ». Пурсиданд: Баъд аз он чӣ коре? Фармуд: «Ҳаҷҷи мабрур».   Ривояти Бухорӣ (26) ва Муслим (83).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳаҷро баъд аз ҷиҳод қарор дод ва албатта мурод аз он ҳаҷҷи нофила аст, зеро ҳаҷҷи фарзӣ рукне аз аркони Ислом, дар ҳоли тавоноӣ аст. Дар "Саҳиҳайн" ("Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки мефармояд: «Ҳар кас муҷоҳидеро муҷаҳҳаз кунад (лавозимоти низомиашро фароҳам созад), ҳамоно ҷиҳод кардааст. Ва ҳар кас хонаводаи ӯро ба тариқаи шоиста сарпарастӣ намояд, ӯ низ ҷиҳод кардааст».

Шакке нест, ки муҷоҳидони роҳи Аллоҳ бисёр ниёзманди кӯмаки молӣ ҳастанд ва харҷ намудани мол барои онҳо - бо далели ин ду ҳадиси зикршуда ва дигар ҳадисҳо - аз харҷ намудани он дар роҳи нофила беҳтар аст. Поёни сухан.

Ҳамчунин (Шайх Ибни Боз) гуфтааст:

Барои касе, ки фаризаи ҳаҷ ва умраро адо кардааст, афзал он аст, ки пули ҳаҷҷи нофила ва умраи нофиларо дар роҳи кӯмак ва мусоидати муҷоҳидони роҳи Аллоҳ харҷ кунад, зеро ҷиҳоди шаръӣ аз ҳаҷҷу умраи нофила афзалтар аст. Поёни сухан.

Аз Шайх Ибни Боз пурсиданд: Оё беҳтар аст, ки пулро барои сохтмони масҷид ихтисос дод ва ё (бо он пул) ба ҷои падару модараш ҳаҷ кунад?

Чунин посух дод: Агар ниёзи зарурӣ барои таъмири масҷид бошад, пас пули ҳаҷҷи нофила дар таъмири масҷид сарф карда шавад, зеро манфиатҳои он бештар ва пойдору доимӣ аст ва боиси ёрӣ расондан ба мусулмонон дар барпо намудани намози ҷамоат хоҳад шуд.

Аммо агар ба харҷ кардани пул - яъне пули ҳаҷҷи нофила - барои таъмири масҷид ниёзи зарурӣ набошад, тавре ки шахси дигаре ғайри ҳаҷкунанда вуҷуд дошта бошад, ки таъмири онро ба ӯҳда бигирад, дар ин сурат, анҷом додани ҳаҷҷи нофила ба ҷои падару модараш - чӣ худаш ба ҷои онҳо ҳаҷ кунад ва ё шахси муътамади дигареро вакил кунад - иншоаллоҳ беҳтар аст, вале барои ҳар ду (падар ва модари худ) як ҳаҷ накунад, балки барои ҳар яки онҳо алоҳида ва ҷудогона як ҳаҷ кунад. Поёни сухан.

Ниг: "Маҷмуъу фатово"-и Шайх Ибни Боз (16/368-372).

Шайх Ибни Усаймин гуфтааст:

Ба назари ман сарф кардани мол дар ҷиҳод аз сарф кардани он дар ҳаҷҷи нофила афзалтар аст, зеро нафли ҷиҳод аз нафли ҳаҷ афзалтар аст. Поёни сухан бо каме тағйирот.

"Фатово"-и Ибни Усаймин (2/677).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб