Панҷшанбе 18 Рамазон 1445 - 28 Март 2024
Тоҷикӣ

Ҳамбистарӣ дар шабҳои моҳи Рамазон

Савол

Оё ҳамбистарӣ дар шабҳои моҳи Рамазони муборак ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳамбистарӣ бо ҳамсар дар Рамазон аз шом то бомдод ҷоиз мебошад. Аллоҳ таъоло мефармояд:

 أُحِلَّ لَكُمْ لَيْلَةَ الصِّيَامِ الرَّفَثُ إِلَى نِسَائِكُمْ هُنَّ لِبَاسٌ لَكُمْ وَأَنْتُمْ لِبَاسٌ لَهُنَّ عَلِمَ اللَّهُ أَنَّكُمْ كُنْتُمْ تَخْتَانُونَ أَنْفُسَكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ وَعَفَا عَنْكُمْ فَالآنَ بَاشِرُوهُنَّ وَابْتَغُوا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَكُمُ الْخَيْطُ الأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ وَلا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ تِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ فَلا تَقْرَبُوهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ ءايَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ    سورة البقرة: ١٨٧

«Ҳамбистарӣ бо занонатон дар шаби рӯза барои шумо ҳалол шуд. Онҳо либоси шумоянд ва шумо либоси онҳоед. Аллоҳ медонист, ки шумо бар худ хиёнат мекардед, пас, тавбаатонро пазируфт ва аз шумо даргузашт. Пас, акнун (дар шабҳои Рамазон метавонед) бо онҳо ҳамбистарӣ кунед ва он чиро, ки Аллоҳ барои шумо муқаррар кардааст, талаб намоед ва бихӯреду бинӯшед, то риштаи сафеди субҳ аз риштаи сиёҳи шаб бароятон ошкор шавад. Пас рӯзаро то шаб комил бикунед. Ва дар ҳоле, ки дар масҷидҳо ба эътикоф нишаста бошед, бо ҳамсаронатон ҳамбистарӣ накунед. Ин марзҳои Аллоҳ аст, пас ба онҳо наздик нашавед. Аллоҳ ҳамчунин оёти худро барои мардум равшан месозад, бошад, ки парҳезкор шаванд».   (Сураи Бақара: 187).

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид