Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Оё ҳамбистарӣ дар рӯзҳои моҳи Рамазон ҷоиз аст?

Савол

Оё ҳамбистарӣ дар рӯзҳои моҳи Рамазон ҷоиз аст? Оё ҳамбистарӣ дар шабҳои Рамазон ва ғусл пеш аз саҳарихӯрӣ ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Ҳамбистарӣ дар рӯзҳои Рамазон бар марду зане, ки рӯза бар онҳо дар он фарз аст, ҳаром мебошад. Анҷом додани ин кор гуноҳест, ки бояд каффорат дода шавад. Каффораи он озод кардани як ғулом аст. Агар наёбад, пас бояд ду моҳ пайдарпай рӯза бигирад. Касе, ки ин корро карда натавонист, бояд шаст мискинро таом диҳад.

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Дар назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будем, ки марде омада гуфт: Эй расулуллоҳ, ҳалок шудам. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ба ту чӣ шудааст? Гуфт: Бо занам ҳамбистарӣ намудам дар ҳоле ки ман (дар Рамазон) рӯза будам. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Оё метавонӣ ғуломеро озод кунӣ? Гуфт: На. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Оё метавонӣ ду моҳ пайдарпай рӯза бигирӣ? Гуфт: На. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Оё метавонӣ шаст мискинро таом бидиҳӣ? Гуфт: На. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) каме истод. Дар ҳамин ҳол будем, ки сабаде аз хурмо назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оварда шуд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Саволкунанда куҷост? Он мард гуфт: Ман. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Инро бигир ва онро садақа бикун. Он мард гуфт: Эй расулуллоҳ! Оё онро бар шахси аз худам камбағалтар садақа бикунам? Ба Аллоҳ қасам, ки дар байни ҳар ду сангистон (санглохи сӯхта)-и Мадина хонаводае камбағалтар аз хонаводаи ман нест. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хандид, ҳатто дандонҳои ашкаш намоён шуд. Сипас фармуд: Онро ба хонаводаи худ бидеҳ.

Ривояти Бухорӣ (1834), (1835) ва Муслим (1111).

Дуввум:

Аммо ҳамбистарӣ дар шабҳои Рамазон ҷоиз буда, мамнӯъ намебошад. Вақти ҷоиз будани ҳамбистарӣ (аз шом) то даромадани вақти субҳ идома меёбад. Ҳангоме ки субҳ дамад, ҳамбистарӣ ҳаром мегардад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

أُحِلَّ لَكُمْ لَيْلَةَ الصِّيَامِ الرَّفَثُ إِلَى نِسَائِكُمْ هُنَّ لِبَاسٌ لَكُمْ وَأَنْتُمْ لِبَاسٌ لَهُنَّ عَلِمَ اللَّهُ أَنَّكُمْ كُنْتُمْ تَخْتَانُونَ أَنْفُسَكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ وَعَفَا عَنْكُمْ فَالآنَ بَاشِرُوهُنَّ وَابْتَغُوا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَكُمُ الْخَيْطُ الأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ    سورة البقرة: ١٨٧

«Ҳамбистарӣ бо занонатон дар шаби рӯза барои шумо ҳалол шуд. Онҳо либоси шумоянд ва шумо либоси онҳоед. Аллоҳ медонист, ки шумо бар худ хиёнат мекардед, пас, тавбаатонро пазируфт ва аз шумо даргузашт. Пас, акнун (дар шабҳои Рамазон метавонед) бо онҳо ҳамбистарӣ кунед ва он чиро, ки Аллоҳ барои шумо муқаррар кардааст, талаб намоед ва бихӯреду бинӯшед, то риштаи сафеди субҳ аз риштаи сиёҳи шаб бароятон ошкор шавад. Пас рӯзаро то шаб комил бикунед».   (Сураи Бақара: 187).

Ин оят далели ҷоиз будани хӯрдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ дар шабҳои Рамазон то субҳ мебошад.

Ғусл баъд аз ҳамбистарӣ воҷиб мебошад ва пас аз он намози бомдод.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб